Дар вилояти Ханти-Мансийски Русия
кор кардани муҳоҷирон манъ мешавад
Муҳоҷирони меҳнатӣ аз 1-январи соли 2027 дигар наметавонанд дар вилояти Ханти-Мансийски Русия дар бахши истеҳсолот, махсусан истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла, нонвойхонаҳо, корхонаҳои нонпазӣ, анбор ва нуқтаҳои хидматрасонии фарҳангию варзишӣ кор кунанд.
Тавре ки расонаҳои русӣ навиштаанд, раиси вилояти Ханти-Мансийски Русия Руслан Кухарук кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, анбор ва нуқтаҳои қабулу супурдани молу маҳсулот, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои хидматрасонии фарҳангиву варзишӣ ба хотири ба ҷойи кор таъмин кардани сокинони маҳаллӣ манъ намудааст. Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо аз моҳи январи соли 2027 оғоз хоҳанд ёфт.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Ханти-Мансийск кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар 27 соҳа манъ шуда буд.