Дар Душанбе вазнкашии размандагони ACA 209 баргузор мешавад
Имрӯз, 29-уми октябр, соати 16:00 дар амфитеатри «Аҳорун»-и Душанбе нишасти матбуотӣ ва маросими вазнкашии иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи ACA 209 баргузор мешавад.
Вуруди хоҳишмандон ба минбарҳои амфитеатр ройгон аст. Мухлисон метавонанд размандагонро аз наздик бубинанд ва онҳоро дастгирӣ кунанд.
Мусобиқаи ACA 209 рӯзи 30-юми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешавад.
Дар муҳорибаи асосӣ варзишгари тоҷик Фаридун Одилов бо намояндаи Русия ва қаҳрамони собиқи лига Артём Фролов рақобат мекунад. Ҳамчунин, Аъзам Ғафоров бо размандаи бразилӣ ва собиқ иштирокчии UFC Фелипе Бунес вориди рақобат мешавад.