Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 9)
597

Вақте Мавлуда ба ҳуш омад, дар болои сараш чӯпонеро дид, ки дар гулӯяш об мечаконид.

- Духтарам, ба ҳуш омадӣ? Ту кистӣ? Аз кадом деҳа? Дар ин хилват чӣ мекобӣ?

Мавлуда андеша кард, ки агар гӯяд набераи фалонӣ мешавам, дар як зум овозаи беномус кардани ӯ дар деҳа паҳн мегардаду бобояш дигар аз шармандагӣ сарашро боло карда наметавонад. Барои ҳамин худро бемор вонамуд карда, гуфт:

- Тағоҷон, ман бемории дил дорам. Ба назди чашма расидаму дигар дар ёдам нест, ки чӣ тавр ин ҷо омадаам. Ман духтари Нуъмон аз деҳаи Саричашмаи боло ҳастам.

- А, ин хел бошад, ман одамони он ҷоро тамоман намешиносам. Хез, бачам, ба хонаатон рав.

Мавлуда либосашро тахт карду оҳиста-оҳиста ба ҷониби деҳаашон раҳсипор гардид. То муддати як моҳ дар ин бора ба касе даҳон накушод. Аммо вақте холааш аз таги дилаш даромада, аҳволашро пурсид, тоқат накарда, ҳодисаи рухдодаро нақл карду гуфт:

- Холаҷон, илтимос дар ин бора ба падарам чизе нагӯед, ӯ маро мекушад. Медонед, дар шикаму тани худ дарди сахтеро ҳис мекунам. Холачон, ба мардон сахт нафрат пайдо кардаам.

- Пагоҳ ман туро ба шаҳр назди як табиби занонаи шиносам мебарам. Чӣ дарде ба ту часпида бошад? Ин лаънатӣ кӣ буд, ки фикри модару хоҳару фарзандони худро накарда, ба ту дасти ҳаромашро расонид?

- Намедонам, холаҷон, аммо агар ҷое симои манфурашро бубинам, мешиносамаш,- муштҳояшро гиреҳ карда гуфт Мавлуда.

Пагоҳаш холаву ҷиян ба касе чизе нагуфта, роҳи беморхонаро пеш гирифтанд. Дар беморхона Меҳринисо шиноси наздикашро диду илтимос кард, ки ҷияни ӯро ҳаматарафа ташхиси тиббӣ гузаронад. Баъди ташхиси ҳаматарафа духтурзан ба Меҳринисо ишора кард, ки дар танҳоӣ гапи пинҳонӣ дорад. Меҳринисо дар берун Мавлударо гузошту худаш гашта ба утоқи дугонааш омад.

- Меҳриҷон, ин ҷиянат ба фикрам ҳоло синфи даҳум-а?

- Оре, чӣ буд?

- Медонӣ, Мавлуда ҳомила аст.

- Ваҳ... Худоё, ӯро язнаам мекушад, агар фаҳмад. Падарам аз ғаму ғӯсса кабоб мегардад.

- Илоҷаш ҳаст, ту даррав ин қадар зиқ нашав. Ҳоло ки тифл хеле кӯчак аст дар батн, ӯро исқоти ҳамл мекунем.

- Не, дугонаи азизам, ӯро фиреб накардаанд, ӯро таҷовуз кардаанд.

- Кӣ?

- Намедонам ҳанӯз,- гуфт ӯ ва воқеаи дар адир бо Мавлуда рухдодаро ба духтурзан нақл кард.

- Тавба, худованд аз чунин рӯз ҳар як бандаашро нигаҳ дорад-е… Ин фосиқро ёфта, ҷазояшро додан даркор.

- Аз куҷо меёбӣ дигар...

- Дигар илоҷ нест, Мавлударо исқоти ҳамл мекунем.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД