Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 16)
932

Олим хурсанд шуд, ки Меҳринисо ӯро надидааст. Акнун ғамгин шуд, ки мабодо ақли духтараш дарояду ҳамаи воқеаро нақл кунад, онгаҳ хусураш ӯро сахт мегирад. Олим орзу мекард, ки духтараш сиҳат нашавад.

Меҳринисо ба дугонаи прокурораш занг зада, асли ҳодисаро нақл карду гуфт, ки агар бо ӯ ягон фоҷиа рӯй диҳад, язнааш гунаҳкор аст. Дугонааш гуфт, ки дар асоси шоҳидии ӯ омада Олимро ба ҳабс мегиранд. Аммо Меҳринисо гуфт, ки ҳоло вақти маҳкам кардани ӯ наомадааст. Ӯ нақша мекашид, ки худаш Олимро азоб диҳад.

Шабе Меҳринисо боз хобҳои парешон диду аз хобаш тарсида бедор шуд. Гӯё дилаш алов гирифту барои обнӯшӣ ба берун баромад. Рӯйи ҳавлӣ шабаҳеро диду фарёд зад. Падарашу Олим давида баромаданд.

- Ҳа, чӣ шуд, духтарам?

- Падар, дар рӯйи ҳавлӣ касе гаштааст.

- Ба назарат намудагист.

- Не падарҷон, дидам. Шояд касе барои дуздӣ даромада бошад.

- Не, тинҷӣ аст. Дузд медонад ба хонаи кӣ дарояд. Канӣ ором шаву ба хонаи хобат даро.

Меҳринисо ба хонаи хобаш даромаду сарашро ба болишт гузошт. Аммо то субҳ дигар хобаш набурд. Субҳи солеҳон Олимро дар бистари хобаш дарёфтанд, ки карахту ноҷунбон кайҳо ҷасадаш хунук шуда хобидааст. Падараш зуд мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ зад. Духтури ёрии таъҷилӣ даст ба набзи Олим бурду гуфт, ки марги ӯ тақрибан соати 4-и субҳ аз зиёд истеъмол кадани маводи нашъадор сар задааст. Худи ҳамон рӯз нисфирӯзӣ Олимро дар ҳамин деҳа гӯр карданд. Чунки баъди нашъаманд шуданаш хешу наздиконаш аз ӯ рӯй тофта, касе ӯро ба хонааш роҳ намедод. Ба ҷуз писарчааш касе барои марги ӯ нагирист. Меҳринисо аз марги ӯ ҳам хурсанд буду ҳам ғамгин. Охир, ӯ интиқом гирифтан мехост аз Олим. Ин Олимро Худо кушт.

Тақрибан баъди ду моҳ ногаҳон аз осмон ғалтидагӣ барин, Зебунисо бо туҳфаҳову савғотии бисёр гирякунон ба ҳавлӣ ворид гардид. Меҳринисо мисли ҳайкал шах шуда монд. Зебунисо тамоми воқеаи аз сараш гузаштаро ба ӯ батафсил нақл карда, гуфт, ки шаби марги Олим барои интиқом гирифтан ба ҳавлиашон омада, аллакай Олимро мурда дарёфта будааст...

Зебунисо он рӯзи фоҷеабор аз дасти шавҳар гурехта, худро куштан мехосту баъди чанде ба худ омада, аз нияташ даст кашид. Он рӯз Зебунисо дар об ғуттазанон доду фарёд бардошта, кумак хост. Онтарафтари дарё моҳигири пири деҳаи аз онҳо поинтар - бобои Файз бо наберааш, ки оббози моҳир буд, нишаста моҳӣ медошт. Доду фарёди одами зиндаро дар байни дарё дида, наберааш осемасар худро ба дарё афканду Зебунисоро аз даруни дарё беҳушу беёд баровард. Баъди ба ҳуш омаданаш аввал Зебунисо ҳеҷ ба ёд оварда наметавонист, ки ӯ кисту чаро дар дарё худро афкандааст. Баъди табобати зани меҳрубони бобои Файз Зебунисо ба худ омада, тамоми ҳодисаи бо ӯ рухдодаро пеши рӯяш овард. Аммо шитоб намекард, ки ба хона ба назди фарзандонаш баргардад. Чунки медонист, ки Олим ин дафъа ҳам ӯро медиҳад. Барои ҳамин пайти мувофиқ ёфта, барои интиқом гирифтан муддати дароз тайёрӣ дид. Вале ӯ дер кард, чунки аллакай Олим ҷазояшро дида буд.

- Медонӣ, хоҳари азизам, ман чӣ қадарҳо шуморо пазмон шуда будам. Агар барвақттар меомадам, ин Олим маро мекушт яқин. Чунки ӯ аз чизе наметарсид. Ман сахт тайёрӣ дида будам, ки ӯро ҷазои сазовор диҳам. Вале Худованди сахтгиру дергир ӯро ҷазо дод.

Он рӯз тӯй буд дар ҳавлиашон. Тамоми ҳамдеҳаҳо ва хешу таборон ба хонаи онҳо барои дидорбинии Зебунисои гумшуда омаданд. Зебунисо Мавлударо дар хона надида, пурсон шуд, ки ӯ куҷост.

- Мавлуда дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ табобат мегирад.

Худи ҳамон лаҳза Зебунисо бо ӯ роҳи беморхонаро пеш гирифтанд. Мавлуда модарро дидан замон чунон дод зад, ки духтурон дар ҳайрат монданд.

- Очаҷон...

Вохӯрии духтару модар чунон таъсирангез буд, ки ҳар бинанда аз диданаш ашк мерехт. Мавлуда дар роҳ ба холааш гуфт, ки он рӯз махсус вонамуд кардааст, ки гӯё падарашро нашинохтааст, то падараш ба холаву бобояш зараре нарасонад. Зебунисо оҳи сабуке кашида, аз насими тозаи деҳаашон нафас гирифта, ба дил мегуфт:

- Аҷабо, зиндагии одамӣ мисли филми ҳиндӣ будааст. Ин қадар азобу машаққате, ки ман аз сар гузаронидам, ба мисли филме буд, ки дар вақташ ба гӯшаи хаёлам намеомад…

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД