Ман одаме ҳастам, ки қотилам модарҷонам аст. Гуноҳе накардаам, ҷое қадами каҷ намондаам ва ё ҳарфи хатое нагуфтаам, ҳамагӣ як айб доштам, ки он ҳам модарамро нодида дӯст медоштам. Дар интихоби волидон ман ҳуқуқ надоштам, а - агарна....
Эй модаре, ки дилат бароям намесӯзад. Ту ку аз ман безорӣ, аммо ҳастанд нафароне, ки ба ман баринҳо зоранд. Эй Худоҷон, кош маро дар батне меофаридӣ, ки муштоқам мебуу аз ҳар як таппиши дилам шодӣ мекард.
Ҷое, ки ҷонам додӣ, ба сӯям теғ омад. Ҷисми пора - пораам дар рӯи мизи ҷарроҳӣ мехобад. Афсӯс мехӯрам, ки модарам мисли дигар тифлон парпечам накард. Баръакс дар як руймолчаи ғализ андохта, дар ахлот партофтандам. Манзили ман он ахлотҷои кӯча шуду худам хӯроки сагҳои дайду
Очаҷон, чӣ хел дилат шуду иҷозат додӣ, ки аз баданат дастакони майдаҳакамро ҷудо кунанд? Бо гуноҳи ту баданам реза - реза шуд. Табиб, ки шифобахшаш мегӯянд, қассобу қотили ман шуд. Охир, чӣ тавр дилат шуд, то маро дидаву дониста ба дасти қотил супорӣ? Боз туро дорои синаи раҳму меҳрубон мегӯянд.
Фикр мекардам, ки бо омаданам туву падарам бениҳоят хурсанд мешавед. Аммо ҳамааш баръакс шуд. Чао аз оғоз вақте ҳанӯз дар батнат набудам фикр накарда, маро сохтиву баъд худат боз куштӣ? Модарҷон, майлаш маро куштӣ, лекин хоҳиш, ки минбаъд ҷони додару хоҳарамро ҳам нагир!
Зайнаб,
хонандаи “Оила” аз ш. Турсунзода