arzon replenishment
Мори гӯрбон (ҚИСМИ 2)
2286

Раъно духтарашро дастгирӣ мекард, писараки нозанине ба дунё омад ва барои бибии хушбахт фарқе надошт, ки падари наберааш кист? Ў Афсарро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт ва ҷонашро фидои набераи ягонааш мекард.

Мужда низ писарашро эрка мекард, барои модару писараш ҳама шароитро фароҳам меовард. Дар ҳақи Муждаи шуҳратёр овозаҳо зиёд буданд, аммо ў парвои ин гапҳо надошт ва дар дунёи зебои худаш зиндагӣ мекард. Бо мурури солҳо писараш калон шуду бо духтараки русе хонадор гашт, аммо фарзанддор нашуданд, модараш аз олам гузашт. Мужда низ оҳиста-оҳиста пир мешуд, келинаш ба ў хеле меҳрубон буд, безурётии онҳо айби Афсар бошад ҳам, занаш ўро напартофт. Онҳо зиндагии ширине доштанд. Афсар рассоми хуб буд, зиндагии шоиста доштанд. Мужда низ бемор шуду баъди ду соли бистарӣ будан оламро падруд гуфт. Ўро бо тантана гўр карданд. Афсар солҳои сол гўри модарро нигоҳубин мекард, баъде, ки ў бемор шуд, аз як шогирдаш хоҳиш кард, ки гўри модарашро бе нигоҳубин намонад.

- Ман медонам, гўри модарамро калонҳои ҳамон қабристон нигоҳубин мекунанд, аммо боз мехоҳам, ки ту ҳам аз он хабардор шавӣ, то мисли бесоҳибон натобад.

Саид, ки устодашро зиёд дўст медошт, розӣ шуд ва ҳамин Саид асрори даҳшатноки гўри Муждаи як замон ситораи саҳнаро кушод.

Афсар аз олам гузашту занаш хонаву дарро фурўхта, назди ҷиянҳояш ба Русия рафт, дили Саиди ботақво ба ҳоли ин оилаи ситораҳо месўхт, охир аз онҳо ягон нишонае дигар набуд, ғайри хоктӯдаҳои қабристон. Ду теппаяки бар ба бари модару писар…

Саид як бегоҳи рўзи панҷшанбе ба мошинаш нишасту сўи қабристон роҳ пеш гирифт, мехост аз аҳволи хокҷойи устодашу модари ў хабардорӣ кунад. “Рўзҳои тобистон дарозанд, зиёрат мекунам, сари қабрашон дуо мекунам, намози асрамро ҳамонҷо мегузораму бармегардам. Посбони қабристон мўйсафеди Зоҳир ҳам ҳамон ҷо будагист”,- худ ба худ гуфт ў.

Ҳавои гуворову оромгоҳи зебои пурдарахту гулзор табъи Саидро болида кард, ў ин тарафу он тарафро нигоҳ карда, касеро надид. Офтоби дар ғуруб бедареғ нурашро болои қабрҳои кўҳнаву нав мерехт, ҳарчанд барои бошандагони ин макон дигар на дурахшидани офтоб фарқе дошту на баромадани моҳ. Саид назди гўрҳои шинос сари ду по нишаста, порае аз Қуръони карим қироат карду баъд манзарае дида, дар ҷояш шах шуд.

Болои қабри Мужда мори дарозе рў ба офтоб дароз кашида буд, ў хеле бузург буд, рангаш зарди ҷилодор. Саид ҳатто чашмони зарди асалранги морро дид, ки ба офтоб дӯхта шуда, шишавор медурахшиданд. Ў дуояшро ба охир расонида, ба ҳақи устодашу модари ў ва аҳли қубур бахшида, аз ҷояш хест, оҳиста-оҳиста ба поён ба назди мошинаш равон шуд. Аз пешаш мӯйсафеди Зоҳир баромад, онҳо бо ҳам саломалейк карданд, мӯйсафед ранги кандаи ҷавонро дида, гуфт:

- Ҳа бачам, мори зардро дидӣ?

Саид бо ҳайрат ба мўйсафед нигарист ва ў идома дод,- ин мор ба касе зарар намерасонад. Ростӣ, ҳеҷ ҳикмати онро нафаҳмидам ва он чӣ ки ҳар бегоҳ мебинам, ба касе нагуфтаам, ту ки бо чашми худат дидӣ, ба ту гуфтам. Пеш аз ман падарам дар ин қабристон посбон буд ва ба ман қиссаи мори зардро нақл карда буд, барои ҳамин ман наметарсам. Падарам гуфта буданд, ки мор дар қабристон баъди хок кардани Муждабону пайдо шудаасу ҳар бегоҳ баромада, болои қабр чанд соат мехобад ва баъд аз сӯрохие вориди қабр мешавад. Солҳост, ки ин ҳодисаро ман мушоҳида мекунам, вале ба касе нагуфтаам. Намедонам ин мори нигаҳбон чӣ ҳикмат дорад…

Саид ин воқеаро ба модараш нақл карду баъд он овоза шуд. Пиронсолоне, ки Муждаро ёд доштанд, ҳарфҳои беҳуда ҳам гуфтанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки мори зард хосияти хуб дорад, аммо Саид дигар ба зиёрати модарашу устодаш танҳо субҳгоҳӣ мерафт ва ягон нафарро мебурд, дигар ягон вақт мори нигаҳбонро вонахўрд, мўйсафеди Зоҳир ҳам дар ин бора даҳон накушод.

Беҳуда нагуфтаанд: Асрори азалро на ту дониву на ман…

Рухсора САИД  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД