Arzon march 2024
Мори гӯрбон (ҚИСМИ 1)
4248

Мужда чӣ қадар зебо буд, фақат чашмонаш ба хироҷи як мамлакат меарзиданд, қомати баланду қади мавзун, абрӯвони баланду мўйҳои дарозаш бошанд, садҳо нафарро мафтун мекарданд. Он солҳо аз кўҳистон ба марказ омадану санъаткор шудан душвор буд…

Ин ҳоло аст, ки ҳисоби ситораҳои санъатро бо тасбеҳ намеёбӣ, он вақтҳо духтаронро ҳатто мактаб хондан намемонданд, куҷо монад ба санъаткор шудан, аммо модари Мужда ба духтараш роҳ кушод, зеро вай яҳудӣ буд.

Гулбек, ҷавони нозанини кўҳистонӣ ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил шуду ба як дидан ба яҳудидухтари ҳамсабақаш Раъно ошиқ шуд, ҳеҷ чиз пеши роҳи ҷавони ошиқро нагирифт, ў ҳамсарашро ҳамроҳаш ба деҳа бурд. Мардуми деҳа аввалҳо аз арўс парҳез мекарданд, вале оҳиста-оҳиста ба вай унс гирифтанду дўсташ доштанд. Раъно бисёр зани меҳнатӣ буд, дар мактаб дарс медод, вақтҳои бекорӣ бошад, ба дӯхтани куртаҳо машғул мешуд, хешу табораш ба хабаргирияш раванд, ҳар гуна матоъҳои камёфтро мебурданду ба ҳақу ҳамсоя бо маблағҳои ҳангуфт мефурӯхт. Дар як муддати кўтоҳ дар маркази ноҳия ҳавличаеро хариду бо духтараки ягонааш Мужда ва шавҳараш кўчида рафтанд.

Солҳо мегузаштанду ин ҷуфти зебо дигар кўдакдор намешуданд, Мужда овози ширине дошт ва дар мактаби мўсиқии ноҳия мехонд, дар як озмун ғолиб омаду ўро ба марказ хонданд ва дар театр ба кор шуруъ кард.

Гулбек занашро аз ҷонаш зиёдтар дўст дорад ҳам, бо вай зуд-зуд барои духтарашон моҷаро мекард.

Раъно як рўз ба хабаргирии духтараш рафту дигар ба деҳа барнагашт. Зориҳои шавҳараш ба дилаш кора накарданд, хешу табораш мехостанд ҷавон зани дигар гирифта, соҳиби фарзандон шавад, вале ў розӣ намешуд ва баъди як соли ҷудоӣ аз занаш ҳангоми ба пойтахт омадан дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид.

Раънову духтараш барои таъзия рафтанд, маъракаи чили Гулбекро гузаронида, ҳавличаашонро фурўхта, боз ба шаҳр баргаштанд. Хешу табори шавҳараш умуман робитаро аз онҳо канданд. Раъно умрашро фидои духтари ягонааш ва санъати ў кард, он вақтҳо аз ҳисоби духтарон санъаткор кам буд ва Мужда дар як муддати кўтоҳ шўҳратёр гашт. Раъно дар чанд ҷо кор мекард ва оқибат дар маркази шаҳр соҳиби хонаи панҷҳуҷрадори замонавӣ гаштанд. Зан зиёд мехост, ки духтараш шавҳар карда, барои ў наберае таваллуд намояд, аммо Мужда дар фикри шавҳар кардан набуд.

Рўзҳо мегузаштанд, шўҳрати Мужда зиёдтар мегашт, модар эҳсос мекард, ки духтараш бо марде муносибат дорад, аммо ҳеҷ наметавонист муайян кунад, ки он мард кист? Оқибат Мужда бе никоҳу тўй ҳомиладор шуд ва чун номи падари тифлашро ба модараш гуфт, ў талхакаф шуд ва дигар чизе напурсид…

Рухсора САИД  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД