Як марди филипинӣ, ки ризқу рӯзиашро аз дарё ёфта, бо моҳидорӣ зиндагиашро пеш мебурдааст, аз об марвориди бузургеро пайдо кардааст, ки 34 килограм вазн ва 100 миллион доллар арзиш дорад.
Моҳигир бехабар аз он ки марвориди ёфтааш ӯро дар як мижа задан миллионер мекунад, ганҷинаи ҳангоми моҳидорӣ тасодуфан аз дарё пайдо кардаашро муддати 10 сол дар манзили истиқоматиаш дар зери кати хоб нигоҳ доштааст.
Марди хуштолеъ мегӯяд, ин марворид барояш мисли тӯмори бахти тамоми аҳли хонавода буд.
Заргарон андозаи марворидро чен карда ба ҳайрат афтиданд, чунки бараш 33 сантиметру дарозиаш 66 см баромад. Вазни марворид 34 килограмро ташкил намуда, бештар аз 100 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Марвориди пайдо кардаи моҳигири филлипинӣ рекорди марвориди калонтарини ҷаҳонро, ки ба Лао-цзы тааллуқ дошта, онро бисёриҳо “Марвориди Аллоҳ” меномиданд, зад.
Вазни “Марвориди Алолоҳ” ҳамагӣ 6, 5 килограм буда, 35 миллион доллар арзиш дошт. Марвориде, ки моҳигири филлипини ёфтааст, аз марвориди Лао-цзы 5 маротиба калонтар аст.
Ана ҳамин тавр тақдир баъзан дар як мижа задан инсони оддиеро ба миллионер табдил медиҳад.