Arzon march 2024
Моҳие, ки ба одам монандӣ дорад
500

 

Роман Фёдорсов, киштибони рус аз шаҳри Мурмански Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ расми моҳиеро паҳн кардааст, ки лабу дандонҳояш ба инсон сахт монандӣ дорад.

Киштибони ботаҷриба аз дидани ин навъи моҳӣ дар ҳайрат афтода, ба моҳӣ будани ин ҷонвар то ҳол боварӣ надорад, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро бовар кунонидан мехоҳанд, ки ин дар ҳақиқат моҳӣ аст. Ин моҳӣ хеле нодир буда, ба оилаи моҳиҳои тригерфӣ мансуб аст ва шакли англисии номаш “Triggerfish” мебошад. Чунин навъи моҳиҳо дар баҳрҳои тропикӣ ва субтропикии уқёнуси Ором, Ҳинд ва Атлантика зиндагӣ мекунанд.

Онҳо хеле хашмгинанд ва бо чунин хислати худ маъруф низ ҳастанд. Ин моҳиҳо аксар вақт ба моҳидорон ҳамла карда, онҳоро газидаву захмдор мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД