arzon replenishment
Модарамро аз девонахона ёфтам (ҚИСМИ 2)
1477

Як шом писари калониям таб карду ўро ба духтур бурдем. Баъди омадани ҷавобҳо гуфтанд, ки дар хунаш вирус дорад. Ман худам духтураму медонам, ки вируси хун дигар чиз асту саратони хун дигар, вале пеши модарам гириста, гуфтам, ки шояд Фарҳат мисли бобояш бемории саратони хун дорад. Охир, аксари бемориҳо ирсӣ мешаванд…

Модарам маро тасалло дода, гуфт:

- Падарат бобои хунии писарат нест!

Ҳуш аз сарам парид. Чанд соат дар ҳолати шок будам, гумон кардам, ки модарам маро аз марди дигар таваллуд кардааст ё ҳазён мегўяд, вале ў рўзи дигар ба ман сирреро кушод, ки…

- Ману падарат якдигарро сахт дўст медоштем, бе якдигар ягон дақиқа наметавонистем. Оқибати ин дўстдориҳо чунин шуд, ки ман дар курси чорум мехондаму ҳомила шудам. Падарат хостгоронашро фиристод, вале падари мансабдор ва бародарони ман гуфтанд, ки хоҳарамон донишгоҳро хатм ки кард, баъд дар ин бора ҳарф мезанем. Ман илоҷ надоштам ва бо падарат маслиҳат карда, назди духтури шиносе рафта, исқоти ҳамл кардам. Духтур маро бовар кунонд, ки ман ҳомиладор мешавам, вале…

Донишгоҳро хатм кардам, падарат хостгоронашро фиристод, тўйи бошукўҳе барпо карда, ба хонаи бахтам қадам гузоштам. Ҳама гумон мекарданд, ки ман духтари боодобу покдоманам ва ба хонаи бахтам бо домани покиза омадаам, вале ин тавр набуд. Ҳарчанд ғайри падарат касе дасти маро надошта буд, вале бо домани нопок ва қалби сиёҳ куртаи сафеди арўсиро ба бар кардам. Ту маро бад набин духтарам, ҷавонию хомӣ кардам, агар кўдакамро мемондам, акаҳоям сарамро аз танам ҷудо мекарданд. Шояд оҳи кўдаки хомкуштаам маро гирифт, ки дигар фарзанддор нашудам. Духтурон мегуфтанд, ки маҳз ҳамон исқоти ҳамл маро бефарзанд кардааст. Қариб ба девонагӣ мерасидам, аммо падарат бо тамоми муқаддасоти дунё қасам мехўрд, ки маро танҳо намемонад. Бечора мардакам назди хешу табораш худашро безурёт эълон кард, ки касе ба ман кор нагирад. Мо тасмим гирифтем, ки тифлакеро ба фарзандхондӣ мегирем, як табиби руси шинос доштем, ки дар як зоишгоҳ духтури занона буд, мо аз вай кумак хостем ва зуд мушкиламон ҳал шуд. Духтараки чордаҳсолае ҳомиладор мешаваду тифлашро таваллуд карда, дар беморхона аз вай даст мекашад. Ҳамин тавр, мо туро ёфтем ва боқии умрамон шабеҳи афсона буд, ман гумон мекунам, ки аз умрам рўзҳои башумор боқӣ мондааст. Аз ин рў, ба ту ҳақиқати ҳолро гуфтам, хоҳӣ маро бубахш, нахоҳӣ не…

Модарам нақл мекарду мегирист, ман ўро ба оғўш кашидаму тасаллояш додам:

- Аяҷон, ман як не, сад бор аз шумо розиям! Агар шумо мани кўчакро бо меҳр ба воя намерасонидеду фарзанд намехондед, ҳолам чӣ мешуд? Дигар дар ин бора гап намезанем!

Баъди шаш моҳи ин воқеа модарам низ ин даҳри дударро тарк кард, ман ба хешу таборон, ҳатто шавҳарам нагуфтам, ки аз сирри таваллудам огаҳам, аммо мехостам модари аслиямро бубинам. Шояд тарбияи додаи волидонам буд ё аз зиндагии хеш ризо буданам, ки ман ба модари хуниям нафрат надоштам. Баръакс дилам ба ў месӯхт, ки бечора маҷбур шуда, аз фарзандаш даст кашидааст. Ё ман самараи ягон таҷовуз будаам, ин сирро кушодан мехостам.

Модарам соли таваллуд ва макони ҷойгир шудани таваллудхонаро гуфта буд ва ман роҳ гирифтам ба ҳамон ҷо, вақте ному насаби зани русро гуфтам, онҳо гуфтанд, ки ў хеле пир шудааст ва рақами хонаашро доданд. Чун хонаи кампирро ёфтаму дарро кӯфтам, онро ба рўям духтараки зебое кушод, ки тоҷикӣ гап мезад. Маълум шуд, ки шавҳари Валя-хола тоҷик будааст. Ў дурудароз ба ман нигариста, барои падарам ашк рехт, хабари вафоти модарам ўро зиёдтар ғамгин кард ва баъд гуфт:

- Духтарам, ҳамин ба ту чӣ лозим?

Гуфтам, мехоҳам як бор аз дур ҳам бошад, модари хуниямро бинам. Ӯ гуфт, ки он духтар Марворид ном дошту аз як ноҳияи атрофи пойтахт буд, падарашро мешинохтам, одами барӯманд буд, чанд сол пеш вафот кард.

Рўзи дигар ба ҷустуҷўи макони зисти модари хуниям рафтам. Ҷустуҷўям тӯл накашид, назди мағозаи кўча аз мошин пиёда шудаму бо ду зани калонсол вохўрдам, ки дастархонҳо болои сар аз куҷое меомаданд. Аз онҳо дар бораи падару модари «модарам» пурсидам. Онҳо бо ҳайрат ба ман нигариста, гуфтанд:

- Бечора раис марди хубе буд, як писар дошт, ба Русия рафту дигар барнагашт, ҳамон ҷо зани рус гирифт. Духтаракаш баъди чордаҳсолагӣ ба бемории рўҳӣ гирифтор шуд, дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ аст. Кампираш ҳам вафот кард, хонаву дарашон ба додарони кампир монд…

Номи модари аслиямро алакай медонистам. Ба беморхонаи бемориҳои рўҳӣ рафтаму ўро ёфтам. Ў гоҳе ба худ буду гоҳе бехуд, сараш тарошида, ҳоли зоре дошт…

Се сол мешавад, ки ҳар моҳ барои ў либосу хўрока мебарам, ҳамроҳаш суҳбат мекунам, дилам ба ҳолаш месўзад…

ЯГОНА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД