Духтари ягона ва эркачаи падару модарам будам. Рӯзгори хушу хурраме доштем, аммо баъди сари модарам зиндагиамон якбора ранги дигар гирифт. Модарҷонам гӯё тамоми хушиҳои ҳаётро бо худ бурда бошад, баъди сари ӯ ягон рӯз хушро надидам.
Падарам ҳамагӣ баъди ду моҳи гӯру чӯб кардани модарам зангир шуд. Зорӣ кардам, ки ақаллан то сари сол тоқат кунед, охир мардум ба ҳолатон механдад, аммо падарам ба гапам гӯш накарда: “мардак бе зан наметавонад, очаи туро ман накуштаам-ку” гӯён, бо як ҷавонзани аз шавҳараш ҷудошуда хонадор шуд.
Ранҷида бошам ҳам, чизе намегуфтам, охир падар чӣ хеле ки набошад, падар аст ва бояд ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо овард. Кӯшиш мекардам, ки ба зиндагии онҳо дахолат накунам, вале ҳамагӣ ду моҳ пас падарам бе ягон сабаб пӯстинашро чаппа пӯшида гуфт: “Ҷоятро ёб, дигар дар ин хона барои ту ҷой нест!” Хаёл кардам, ки шӯхӣ мекунад, аммо рӯзи дигар ба мағоза собунхарӣ рафтаму аз он ҷо баргашта тамоми либосҳоямро дар рӯйи ҳавлӣ паҳну парешон дидам.
“Зани ман сағерабонӣ кардан намехоҳад, барои ҳамин ҳаёти моро талх накарда аз ин ҷо рав, намехоҳам, ки аз рӯйи ту хонавайрон шавам”,- нигоҳи ҳайрони маро дида гуфт падарам ва дарро чунон ба шаст пӯшид, ки хаёл кардам осмон ба сарам фурӯ рехт. Гирёну нолон сару либосамро аз рӯйи хок ҷамъ карда, пиёда ба хонаи бибиам рафтам. Рост мегуфтаанд, ки модар аз олам гузарад, падар паиндар мешавад.
Зарина