Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи кишвар бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукии худ аз ба таъхир афтодани барномаи консертиаш дар кишвари Исроил хабар дод. Овозхон маҳв шудани консерташро ба хуруҷ ва паҳншавии «коронавирус» рабт додааст.
«Мухлисони азиз, ҳамаи шумо вазъи имрӯзаи ҷаҳонро бинобар хуруҷи «коронавирус» медонед. Мутаассифона, бо ин сабаб консерте, ки бояд дар Исроил баргузор мешуд, ба таъхир афтод. Мо фикри шуморо карда, ҳарчӣ зудтар огоҳ кардем, то дар амон бошед»,-навиштааст, Нигина Амонқулова. Баргузоркунандаи консерти овозхон дар Исроил, продюсер Элӣ Яъқубов дар сӯҳбат ба оҷонсии иттилоотии «ASIA-Plus» ҳақиқат доштани хабари мазкурро тасдиқ карда, афзудааст, ки тасмими ба таъхир афтодани кулли чорабиниҳо бинобар хуруҷи «коронавирус» аз ҷониби Вазорати тандурустии Исроил гирифта шудааст.
НИГИНА АМОНҚУЛОВА АЗ ОВОЗХОНӢ ДАСТ МЕКАШАД?
«Ман зиёд консертҳоро бо иштироки ситораҳои ӯзбек ташкил ва барпо кардаам. Бо санъаткорони тоҷик бошад, ин кори аввалини ман аст. Барои баргузории консерт ҳама чиз омода буд, вале Вазорати тандурустӣ ҳамаи чорабиниҳо, аз ҷумла консерти моро низ ба таъхир гузошт. Консерт ҳатман баргузор мешавад, вале санаву соати дақиқаш ҳоло маълум нест». Ҳамчунин, Элӣ Яъқубов илова кардааст, толоре, ки бояд консерти Нигина баргузор мешуд, тахминан 600-700 ҷои нишаст дорад ва 90 фисади чиптаҳои консерт ба фурӯш рафтаанд.
Ташкилкунандагони ин чорабинӣ мухлисони овозхонро бовар кунонидаанд, ки чиптаҳои худро барнагардонанд, зеро консерт ҳатман баргузор мегардад ва дар ин масъала бо худи Нигина Амонқулова низ гуфтушунид кардаанд. Ёдовар мешавем, ки баргузории нахустконсерти Нигина Амонқулова дар шаҳрҳои Ҳолон ва Рамлеи кишвари Исроил санаҳои 11 ва 12-уми моҳи марти имсол ба нақша гирифта шуда буд.