Сар аз моҳи январи соли 2020 сару садоҳое ба вуҷуд омадаанд, ки гӯё Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ширинмоҳ Ниҳолова овозхони шинохтаи кишвар Нигина Амонқуловаро барои “таронадуздӣ” ба суд дода бошад.
Ин овоза замоне паҳн гардид, ки Нигина Амонқулова охири моҳи декабри соли 2019 таронаи ҷадиди “Маринес”-ро бо забони шуғнии Бадахшон нашр кард. Таронаи мардумии “Маринес”-ро мухлисони овозхон хуб пазируфта, ба хотири ширину бе хато сароиданаш баҳои баланд додаанд, вале аз рӯйи нақли бархе аз афроди огоҳ аз ин масъала, Ширинмоҳ Ниҳолова барои бе иҷозат иҷро кардани таронааш Нигина Амонқуловаро ба суд додааст. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, мо ба рақамҳои Нигина Амонқулова занг задем, то ҳақиқатро аз забони худаш бифаҳмидем. “Овозаи ба суд додани Нигина дурӯғи маҳз аст. Он сурудро худи мардуми Бадахшон таронаи мардумӣ гуфта, ба Нигина пешниҳод карданд ва ӯ сароид. Дар асл ин суруд ба Ширинмоҳ низ тааллуқ надорад, зеро муаллифи матн каси дигар аст ва ин кор бо розигии ӯ сурат гирифтааст”,-гуфтанд, аз хонаводаи Нигина Амонқулова дар суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”.
НИГИНА БО СУРУДИ "МАРИНЕС" БАДАХШОНРО ТАСХИР КАРД
Таронаи “Маринес”-ро дар иҷрои Нигина Амонқулова то ин дам дар шабакаи YouTube зиёда аз 140 ҳазор нафар аз назар гузаронидаанд. Ширинмоҳ Ниҳолова суруди мазкурро соли 2017 сароида, ҷоизаи “Суруди сол 2017”-ро ба даст оварда буд.