Қудратулло Иброҳимов ҳамагӣ 33-сол дорад, вале дар умри кӯтоҳаш сахтиҳои зиндагиро зиёд дидаву талхиҳояшро фаровон чашидааст. Ҳаёти ӯ аз рӯзе, ки чашм ба олами ҳастӣ боз намуд, имтиҳон буд.
Имтиҳони сангин. Вай аз модар маъюб ба дунё омадааст, вале вожаи маъюб то кадом андоза вазнин будани ҳоли ин ҷавонро ифода карда наметавонад, зеро Қудратулло аз ду даст ва як пой маҳрум аст. Вай ҳамагӣ як по дорад ва ҳамон як пояш ҳам солим нест. Худованд дар симои ҳамсараш Адиба фариштаинакӯкореро ба имдоди Қудратулло фиристодааст. Ин зани пуртоқат шавҳари бе дасту пояшро мисли кӯдаки навзод парасторӣ карда, дасту рӯяшро мешӯяд, оббозӣ медоронад, бо қошуқ ба даҳонаш хӯрок монда, чою об медиҳад, мехобонад ва бо ин ҳама ташвишҳо ҳамеша аз шавҳараш розӣ аст. .
Қудратулло дар маҳаллаи 46-и пойтахт дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекард ва мо аз рӯзгори ин марди бе дасту пой барномаи видеоие таҳия намуда будем, вале мӯъҷизаро бубинед, ки ҳанӯз барнома пахш нагашта, бо кӯмаки соҳибкори муваффақ ва хайрхоҳи тоҷик Маҳмудҷон Мурдов мушкили ин оилаи ниёзманд ҳал шуд...
Сароғоз Маҳмудҷон Муродов зану фарзандони Қудратуллоро ба мағозаи “Беби шоп” бурда, барояшон пойафзолу либосҳои гарми зимистона ва бозичаҳои рангоранг харид, баъдан онҳоро бо карнаю сурнай ба макони нави зисташон бурда, калиди хонаи дуҳуҷрагиро барояшон тақдим намуд. Вақте ки калид ва ҳуҷҷатҳои ин манзили муҷаҳҳазро ба дасти ҳамсари Қудратулло супурданд, дар чашмони Адиба беихтиёр донаҳои ашк ҳалқа заданд. Ин зани азиятдида дар умри худ аз талхиҳои зиндагӣ бисёр гиристааст, вале ашкҳои имрӯзааш ашки шодӣ буданд.
Хонае, ки Маҳмудҷон Муродов ба оилаи Қудратулло тақдим кард аз ду ҳуҷраи васеъ ва барҳаво иборат буда, масоҳати умумиаш 85 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бо дидани манзили наву зебои ин оилаи ниёзманд, ки бо усули хеле ҷаззоби замонавӣ таъмир карда шудааст, табъи кас болида мегардад. Барои он ки ин марди аз дасту пой маҳрум ва зану фарзандонаш аз ягон чиз танқисӣ накашанд, манзили онҳоро бо қолину палос, мебели меҳмонхона, рахти хоб, кати дуқабатаи кӯдакона, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ ва дигар ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин намудаанд.
Ногуфта намонад, ки ба ғайр аз Қудратулло Иброҳимов Маҳмудҷон Муродов боз ба як оилаи дигари ниёзманд низ дар ҳамин бино хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намудааст.
Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин ду оилаи хушбахтро, ки бо шарофати марди накӯкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи соли нави мелодӣ соҳиби хонаҳи нави замонавӣ гаштанд, смидқан муборакбод мегӯем ва умед мебандем, ки дигар соҳибкорони тоҷик аз Маҳмудҷон Муродов ибрат гирифта, минбаъд ба чунин одамони маъюб ва ба ятимону дармондагн дасти ёрӣ дароз мекунанд, зеро бузургонамон фармудаанд:
Хар кй уро хайр одат мешавад,
Бегумон молаш зиёдат мешавад.
Зи некон хар нафас некй бимонад,
Касе к-у нек зист, арзе ситонад.
Ба гети намонад ба чуз номи нек,
Хар он кас, ки хохад саранчоми нек.