Нафароне, ки дар ширкати Hare Krishna Exports кор мекунанд, то охири ҳаёташон иди Дивалиро фаромӯш нахоҳанд кард, зеро директори он Савҷи Долакия ҳар сол дар ин ҷашни миллии ҳиндуҳо туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунад.
Аз ҷумла, соли равон ӯ барои беҳтарин мутахассисонаш 400 манзили истиқоматӣ ва 1260 автомашина туҳфа кард.
Тиҷорати корхонаи мазкур асосан аз ҳисоби алмос буда, даромади калони иловагӣ дорад. Боиси тазаккур аст, ки ширкат маҳсулоташро ба 70 кишвари дунё мефурӯшад.