“Меҳмон атои худост” гӯён, мардуми тоҷик аз рӯйи таомули миллӣ шахсеро, ки аз дари хонаашон медарояд, мисли гавҳари чашмонашон азиз дошта, тоҷи сар месозанд ва тамоми дору надори хешро пешаш мегузоранд, аммо меҳмони бадтинат на атои худо, балки балои ҷони соҳибхона аст.
Ҳодисаи хунине, ки чанд рӯз пеш дар Вилояти Суғд сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як марди 29-солаи сокини ноҳияи Масчоҳ бо гумони қасди куштор хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда шоми 31-июл дар хонаи яке аз ошноҳояш дар шаҳраки Гулистони Вилояти Суғд меҳмон шуда, аз рӯйи хусумаи шахсӣ сару гардани соҳибхона-марди 31-соларо кордборон кардааст.
Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои хуншор ба бемористон интиқол доданд, меҳмони авбош бошад, акнун барои ин амали ҷиноии худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд. Қаблан ин марди золим бо моддаи 200-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст, вале ба ҷойи панд гирифта, ислоҳ шудан боз даст ба ҷинояти вазнин зада, дубора ба кунҷи зиндон афтод.