Аксарият сари он мегӯянд, ки бо ихтирои ваксинаи коронавирус аз ҷониби Русия акнун ин беморӣ саёраи моро тарк мекунад. Воқеан, ин аввалин намунаи ваксина ҳаст, ки ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст, вале ҳанӯз равшан нест, ки сатҳи таъсирӣ ин дору чӣ қадар аст ва чӣ миқдор одамон метавонанд онро датсрас намоянд.
Дар кишвари мо ҳанӯз аз замони оғози пандемия марҳилаи гузаштан аз тестҳои санҷишӣ, шурӯъ шуда буд. Бо вуҷуди он, ки на ҳама аз ин марҳила мегузаштанд, аммо шумораи муаяни одамон худро санҷиданд ва тавонистанд муаян кунанд, ки ба совид 19 мубтало шудаанд ё не?
Инак, бо анҷоми фасли тобистон ва оғози дарсҳо мардум аз он тарс доранд, ки мавҷи дуюми пандемия ба кишвар омада, боз одамонро сироят мекунад. Мавзӯи баҳси мо ҳам маҳз ҳамин аст. Оё дар ҳақиқат хатари мавҷи дуюм ба мо таҳдид мекунад ё не? Юсупова Малика, пизишки беморхони Ибни Сино ба ин масъала равшанӣ меандозад.