Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна, билхоса Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Федератсияи Россия, махсусан дар шаҳри Маскав чунон зиёд шудааст, ки акнун худи русҳо барои осон кардани кори муҳоҷирон чораҷӯӣ менамоянд, то ҳам сари худро аз моҷарову ғавғо ва ҳамдигарнофаҳмӣ халос сзанду ҳам кори муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро осон кунанд. Ба думболи насби овезаҳо бо забони тоҷикӣ дар Маскав боз як иқдоми тоза оғоз ёфта, акнун метрои Маскав ба ҷустувӯи коргароне афтодааст, ки забони тоҷикиро хуб медонанд.
Тавре ки Спутник мегӯяд, ҷойҳои кории холӣ барои донандагони забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳи Лесопарково мавҷуданд, ки маҳз аз ҳамин истгоҳ автобусҳо ба маркази муҳоҷират, воқеъ дар Сахарово мераванд.
Эълон дар боби ба кор қабул кардани донандагони забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ дар метро аз ҷониби мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле сард қабул карда шуд, вале Раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳои Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия Владимир Зорин ин иқдоми роҳбарияти метроро ҷонибдорӣ намуда, қайб кардааст, ки пайдо кардани корманди хазинадоре, ки бо забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ҳарф занад ё нақши тарҷумонро барои муҳоҷирон дар назди хазинаи истгоҳи метро иҷро намояд, ҳам ба манфиати метро ва ҳам ба манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Маскав оҳиста-оҳиста ба хонаи дуюми тоҷикон табдил ёфта истодааст ва минбаъд лафзи ширини тоҷикиро дар кӯчаҳои ин шаҳри бузурги таъхирӣ тез-тез шунидан мумкин аст.