arzon replenishment
Масъалаи шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳал мешавад?
01.12.2020
Сухроб
1734
Масъалаи шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳал мешавад?

Шахсони ноаён. Масъалаи шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳал мешавад?

Дар Тоҷикистон шахсони бешаҳрванд имкон пайдо карданд, ки мақоми худро қонунӣ карда, барои иқомати доимӣ ҳуҷҷат гиранд ва минбаъд шаҳрвандии деринтизорро ба даст оранд. Муҳлати аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда барои бақайдгирӣ ва коркарди дархостҳо то 25 декабри соли 2022 муқаррар шудааст.

Гирифтани шиноснома дар 80-солагӣ

Хадича Абдураҳмонова 80-сола буда, тайи чандин соли охири ҳаёти худ умедвор аст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дастрас кунад: ӯ ба чандин муассисаҳои давлатӣ сар халонда, ҳарчанд ба унвони президент ҳам нома навишт, ки ба гумонаш то ба мухотаб нарасид, лекин дар ниҳояти кор, гирифтани ақаллан ягон ҳуҷҷате, ки шахсияташро тасдиқ намояд, муяссараш намегардад.

Хадича тамоми ҳаёти худро дар Душанбе, дар мавзеи наздикии истгоҳи роҳи оҳан паси сар намудааст. Ӯ ҳикоят мекунад, ки маҳз дар ҳамин ҷо ба дунё омадаву ба воя расида ва маълумот гирифтааст. Дар ҳамин ҷо ба шавҳар баромадаву кор мекунад ва фарзандонашро ба воя расонид.

Хадича Мамадҷоновна мегӯяд, падари ӯ нимаи солҳои 30-юми асри гузашта барои сохтмони роҳи оҳан аз вилояти Қӯқанди ҶШС Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадааст.

“Ҳукумати ҳамонвақтаи ҶШС Тоҷикистон эълон кард, ки ба сохтмони роҳи оҳан оғоз мекунанд, аз ин рӯ ба мутахассисон ва қувваи корӣ ниёз дорад. Падарам наздики 15 нафар ҳамдеҳаҳояшро ҷамъ оварда, тасмим гирифтанд, ки ба Душанбе раванд. Ба онҳо дар мавзеи истгоҳи роҳи оҳан барои сохтмони хона қитъаҳои замин доданд. Ана ҳамин хонае, ки ман ҳозир дар он зиндагӣ мекунам, ӯ он замон сохта буд”, - ба хотир меорад ӯ ва манзилеро иборат аз се хона нишон медиҳад, ки акнун дар он танҳо иқомат дорад.

Ӯ қайд мекунад, ки он солҳо дар фикри он набуд, ки то кадом андоза шиноснома дар ҳаёти шахс нақши муҳим дошта метавонад.

“Вақте аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ман дар Вазорати хоҷагии об кор мекардам. Он замон бетартибиву ҳамлаҳо оғоз гардида, одамонро мекуштанд, ки хеле даҳшатноку ҳаросовар буд. Соли 1994 ман аллакай 55-солагиро пур карда, дар сохторҳои гуногуни Душанбе 36 сол собиқаи корӣ доштам ва ба нафақа баромадам. Ҳамон вақт духтарам, ки ӯро ба Қӯқанд ба шавҳар дода будам, занг зада, маро ба назди худ даъват кард, то ки дар тарбияву ба воя расонидани набераҳоям кумак кунам, чунки худаш бояд ба кор мебаромад. Маро чизе дар ин ҷо нигаҳ намедошт, зеро аллакай кор намекардам. Бинобар ин, хонаро ба келини хурдиам гузошта, ба Ӯзбекистон назди духтарам рафтам”, - ҳикоят мекунад Хадича Мамадҷоновна.

Номбурда ба ёд меорад, ки баъди чанде пас аз омадан ба Қӯқанд дар Ӯзбекистон ҳуҷҷати иҷозаи иқоматро дуруст карда, ҳатто расман нафақа мегирифт, ҳарчанд ягон рӯзе дар ин кишвар кор накардааст.

“Ман вуҷуд надоштам”

Соли 2013 пас аз гузашти 18 сол ӯ ба Тоҷикистон баргашта, аз ҳамон замон мушкилаш бо ҳуҷҷатҳо сар мешавад, ҳарчанд то ин дам ӯ баъзан меомад, вале ба муҳлати кӯтоҳ истода, тибқи раводид зиндагӣ мекард.

Барои комилан ба Тоҷикистон баргаштан, ба ӯ дар Қӯқанд ҳуҷҷати сафар медиҳанд, ки муҳлаташ соли 2014 ба итмом расид.

“Ба сафорати Ӯзбекистон муроҷиат кардам, фикр доштам, ки муҳлати ҳуҷҷатамро дароз мекунанд, зеро шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст оварда натавонистам, лекин ҳууҷати сафарии маро гирифтанд ва дар ман дигар ягон ҳуҷҷате боқӣ намонд. Шаҳодатномаи таваллудамро гум карда, сипас муддати 2 сол онро барқарор намудам ва то моҳи августи соли 2020 шахси бешаҳрванд будам, тасаввур мекунед? Тамоми ин солҳо ман вуҷуд надоштам, - мегӯяд ӯ бо чашмони пур аз ашк ва навмедӣ. – Ба куҷоҳое, муроҷиат накардам.

Пас аз солҳои тӯлонии ҷустуҷӯи бенатиҷаи роҳҳои ҳалли мушкил ба Хадича Мамадҷоновна тавсия доданд, ки ба ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” муроҷиат кунад, зеро онҳо бо масъалаҳои шахсони бешаҳрванд машғул буданд. Мушкили ӯ танҳо пас аз қабули қонун дар бораи авф ҳал шуд.

“Касоне, ки шаҳрвандӣ доранд, намефаҳманд, ки то кадом андоза хушбахтанд, мефаҳмед? Шумо инро пай намебаред, шояд ҳатто ба қадраш намерасед ва ҳамчун як чизи маъмулӣ қабул доред, лекин шахсоне чун ман арзиши ҳақиқии ин ҳуҷҷатро мефаҳманд. Ман зери по шуда будам, вуҷуд надоштам, худро таҳқиршуда меҳисобидам”, - ба хотир меорад вай.

Ҳуҷҷати деринаву дилхоҳ – иҷозати иқоматро ӯ моҳи августи соли 2020 ба даст овард ва ин рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ба гуфтаи ӯ, он замон ӯ гӯё аз нав таваллуд шуда буд. Хадича Мамадҷоновна, азбаски дар ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шахси бешаҳрвандӣ иҷозатномаи истиқомат гирифтааст, метавонад фавран ҳуҷҷатҳоро бораи қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ карда барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.

“Дар синнусоли ман интизорӣ хеле ва хеле душвор аст. Охир ман намедонам, ки субҳ аз хоб бармехезам ё не, лекин ҳамин қадарашро мехоҳам, ки шиноснома гирифта, мерос гузоштани хонаро ба расмият дарорам. Орзуи ман дар ниҳояти кор дастрас намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст”, - бо ғамгинӣ мегӯяд ӯ.

Авф яке аз воситаҳои раҳоӣ аз фазои холӣ (вакуум)

Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури гурезагон (РКОГ СММ), ба ҳолати моҳи октябри соли 2020 шумори умумии шахсони шаҳрвандиашон номуайян дар Тоҷикистон каме бештар аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бо мурури муаян кардан ва бақайдгирии шахсони нав, инчунин пас аз расонидани кумак ва ҳалли ҳолатҳои бешаҳрвандӣ, ин рақамҳо доимо тағйир меёбанд. Қисмати зиёди ин шахсонро занону духтарон – 70% ташкил дода, аз рӯйи дараҷаи синнусолӣ 38%-и онҳо ноболиғон мебошанд.

Дар қонун “Дар бораи авф дар робита ба қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд” (минбаъд қонун дар бораи авф), ки 25 декабри соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, авфи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар ҳузур доранд, пешбинӣ шудааст ва инчунин ба онҳо имкон дода мешавад, ки ба Хадамоти шиносномавию  бақайдгирии ВКД дар маҳалҳо муроҷиат намуда, аввал ҳуҷҷати иҷозати иқомат гиранд ва сипас барои ба даст овардани шаҳрвандӣ низ муроҷиат намоянд.

Бо вуҷуди ин, доираи шахсоне, ки қонун нисбати онҳо татбиқ мешавад, маҳдуд аст, чунки санади авф танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба дунё омадаву ҳуҷҷати давлати иттифоқро доранд (шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома, шиносномаи давлати хориҷӣ, иҷозатномаи истиқомати шахси бешаҳрванд,) ё ин ки ҳуҷҷатро гум кардаанд ва танҳо ба касоне, ки то 31 декабри соли 2016 ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Нуқтаи муҳим: барои шахсоне, ки таҳти таъқиботи ҷиноятӣ қарор доранд инчунин шахсоне, ки доғи судӣ доранд ё узви ягон ҳизб ва ташкилотҳои ифротгарои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда мебошанд ва дар бораи худ маълумоти бардурӯғ додаанд ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод кардаанд, қонунӣ гардонидани мақомашон ғайриимкон аст.

Бешаҳрвандӣ беҳуқуқӣ ба бор меорад

Мувофиқи қонунгузорӣ, шахсони бешаҳрванд ба ҷуз ҳуқуқҳои сиёсӣ, аз дигар ҳуқуқҳо чун шаҳрвандони Тоҷикистон бархурдоранд. Аммо аксарияти шаҳрвандоне, ки дар ҳолати бешаҳрвандӣ қарор доранд, мақоми расмӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии бешаҳрвандиро надоранд, ки онҳоро танҳо бо муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ гирифта метавонанд.

Роҳбари ТҶ “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” Наҷиба Ширинбекова шарҳ медиҳад, одамоне, ки шаҳрванди ин ё он давлат эътироф намегарданд, ҳаёти комил надоранд – ба маълумот ва кумаки тиббӣ дастрасӣ надоранд, аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда наметавонанд, ҳатто кӯдакони онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ гирифта наметавонанд ва ин ҳалқаи мушкилотро бидуни кумаки ҳуқуқӣ ҳал кардан душвор аст.

Ин ташкилот яке аз шарикони амалисози лоиҳаи  РКОГ СММ “Пешгирӣ ва коҳиши бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, аз соли 2015 то соли 2020 ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” беш аз 200 нафар шахсони бешаҳрвандро ошкор намуданд, ки барои кумак ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ҳамаи ин шахсон мутобиқи санадаҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон ҳуҷҷати иҷозати иқомат гирифта наметавонистанд.

Наҷиба Ширинбекова қабули қонуни авфро саривақтӣ ва хеле иқдоми муҳим аз ҷонии ҳукумати Тоҷикистон мешуморад. Лекин, ба ақидаи ӯ, дар қонун якчанд камбудиҳо мавҷуд аст, ки ҷараёни амалисозии ин ташабуусро ба таври бояду шояд мушкил месозад, аз ҷумла ин қонун маҳдудиятҳои замониро дорад ва ба фарогирии ҳамаи онҳое, ки ба қонунӣ кардани мақоми худ ниёз доранд, халал мерасонад.

“Татбиқи авф танҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки то 31 декабри соли 2016 ворид шудаанд, дигаронро, ки пас аз ин сана омадаанд, аз гирифтани ҳуҷҷати иҷозати иқомат ва имкони гирифтани шаҳрвнадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум месозад. Муҳлати қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии ин шахсон то 25 декабри соли 2022 ва вазъияти марбут ба пандемияи коронавирус ба ҷараёни амалисозии қонун таъсири манфӣ расонида метавонанд”, - қайд мекунад Ширинбекова.

Ӯ шарҳ медиҳад, ки дар таҷриба, чӣ қадар зииёдтар  шахс бе ҳуҷҷат бошад, ҳамон қадар эҳтимолияти дар вазъияти аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудан ё ба шаҳрвандӣ қабул накардани ӯ низ зиёдтар мешавад. Дар қонунгузории Тоҷикистон тартиби ггирифтани ҳуҷҷати иҷозати иқомат барои шахсони бешаҳрванд пешбинӣ шудааст. Лекин ин расмиёт аз шахсони бешаҳрванд 6 моҳи зисти қонунӣ дар қаламрави кишварро тақозо мекунад, яъне дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои ҳақиқии раводид\бақайдгирӣ.

“Аммо мо чандин маротиба гуфтем, ки шахсони мазкур ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, яъне онҳо ҳуҷҷатҳои ҳақиқии шахсият муаянкунандаро надоранд ё бе ҳеҷ гуна ҳуҷҷат зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо кӯшиш карданд, ки мустақилона мушкили худро ҳал кунанд, лекин боз ҳам ноқисиҳо дар қонунгузорӣ ба мақомотҳои давлатӣ имкон надоданд, ки ба манфиати онҳо қарор қабул кунанд, аз ин рӯ, авф хеле зарур буд”, - мегӯяд директори ташкилот.

Чӣ мебояд кард?

Тамдиди муҳлати амали қонун дар бораи авфи шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳоло маълум нест ва бинобар ин, агар шумо, наздиконатон, ҳамсояву дӯстон ва хешовандонатон чунин мушкилӣ дошта бошанд аз ҳозир ба амал оғоз намоед.

Лекин ҳамин тавр ҳам мешавад, ки шахс ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод карда наметавонад. Дар ин ҳолат дар доираи ин авф чӣ метавон кард?

Албатта,  барои ошкор ва муайян кардани шахсияти ӯ вақти зиёде лозим мешавад, чунки мақомоти корҳои дохилӣ барои муайян кардани шахсияти одам ҷиҳати гирифтани маълумот дар бораи ҷойи таваллуди аризадиҳанда, макони будубоши ӯ ва ҷойи охири иқомат, инчунин давлате, ки аъзои оилааш ва волидонаш шаҳрванди ин кишвар мебошанд, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Қонун дар бораи Авф на танҳо ба қонунӣ гардонидани мақом дар ҷумҳурӣ ва дарёфти мақоми шахси бешаҳрванд ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ имкон медиҳад, балки минбаъд барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад. Дар қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” расмиёти содашудаи гирифтани шаҳрвандӣ барои шахсони бешаҳрванд пешбинӣ шудааст. Шароитҳои муҳайёшуда дар доираи Авф ба бисёре аз шахсон барои баромадан аз торикӣ, танзими мақоми ҳуқуқии худ ва дар ниҳояти кор, комилан истифода бурдан аз ҳуқуқҳои худ имкон медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД