Чанд сол боз писарони амаки Қурбон қатори дигар ҳам-деҳагону ҳамватанон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд. Бародарон ҳунари устогӣ доштанду дар сохтмонҳои Россия меҳнат мекарданд. Онҳо баҳору тобистону тирамоҳ кор ме-карданду сардиҳои фасли зимистон, ки сар шуд ба назди аҳли оилаашон баргашта аз паи таъмини шикасту рехти зиндагии худ мешуданд.
Амаки Қурбон бо пули бо арақи ҷабин ёфтаи фарзандонаш аввал писари калонӣ, баъд дуюму сеюмашро хонадор кард. Соли 2011-ум барои писари чорум Ҳикмат арӯс фароварда, тӯйи осмонкаф оростанд. Маърака чунон зебо гузашт, ки қариб як сол дар забони мардум таърифи тӯйи Ҳикмат буд.
Арӯси нозанини Ҳикмат-Мавҷигул ҳанӯз ба муҳити хо-наи хушдоман одат накарда, шавҳараш ҳамроҳи акаҳояш ба Россия мардикорӣ рафт. Мавҷигули нозанин мисли дигар духтарону ҷавонзанҳои ҳамқисматаш ба тақдир тан дода, хизмати хусуру хушдоманашро карда мегашт.
Дар муддати се соли зиндагӣ Мавҷигул ду маротиба аз шавҳари муҳоҷираш ҳомиладор шуда бошад ҳам, ягон фарзандашро зинда ба даст гирифта натавонист. Аз чӣ бошад, ки тифлакон дар батни модар худ аз худ мемурданд.
Ҳикмат ин навбат пеш аз ба Россия мардикорӣ рафтан ҳамсараш Мавҷигулро, ки моҳи охирини ҳомиладориро аз сар мегузаронд, ба оғӯш гирифта, таъкид намуд, ки худашро эҳтиёт кунад, чизе ки лозим бошад, вай барои ӯву тифлака-шон мефиристад. Ҳамин тавр зану шавҳари ҷавон хайру-хуш карданд.
Аз саломатии тифлаку ҳамсараш хавотир шуда, Ҳикмат тез-тез ба хона занг мезад ва ҳолу аҳволи Мавҷигулро ме-пурсид, аммо...
Як шаб модари Мавҷигул, холаи Тоҷӣ хонаи духтарашу домодашро хоб дид ва хавотир шуда, субҳи солеҳон ба дух-тараш занг заду ҳолу аҳвол ва саломатии домодашро пурсон шуд. «Ҳамааш хуб аст, ташвиш накашед очаҷон» гӯён, Мавҷигул модарашро дилпур намуду баъдан ба шавҳараш занг зада, хандида гуфт:
– Ҳикмат, медонед, имшаб ба хоби модарам даромадаед. Мулло азон нагуфта, занг заданду пурсиданд, ки саломатии домод чӣ хел аст.
Аз он тарафи гӯшӣ садои хандаи Ҳикмат ба гӯш расид:
– Аҷиб, чаро ман ба хоби модари худам неву ба хоби мо-дари ту медаромадаам?!
Зану шавҳар хеле ҳазлу шӯхӣ карда хандиданд, бехабар аз он, ки ин хоб пайки сиёҳест аз фоҷиаи хунини қисмат…
ҶУФТИ ТИЛЛОӢ ДАР ХИЁБОН(ВИДЕО)
Ду рӯз нагузашта ба хусуру хушдоман ва хешони назди-ки Ҳикмат хабари нохуш расид. Модари Мавҷигул ба хоби дидааш қоил шуда, ашк мерехт, вале аз духтари дуҷонаш ин сирри ҷигарсӯзро пинҳон мекард. Воқеаи мудҳише, ки рӯзи 20 июн дар шаҳри Санкт –Петербурги Россия бо Ҳикмат рух дод, ҳамаро ба даҳшат оварда, гирён кард. Ҳикмат ҳам-роҳи акояш Амруллою амакаш Давлатёр ва як гурӯҳ ҳам-деҳагонаш аз маҳаллаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ кор мекарданд. Ҳангоми ан-доваи девори ошёнаи ҳаштум нохост пояш лағжида Ҳикмат ба замин афтид.
Бародару амакаш аз ошёнаи ҳаштум ба замин «парвоз» кардани Ҳикматро дида, мисли мурғи посухта ба чор тараф медавиданд, вале ягон илоҷ наёфтанд. Ҳикмати паҳлавон ба замин заду хунаш дар як дам ҳавзча барин кӯл зад. Ҷавони бо аҷал даст ба гиребон аз бародараш, ки дар болои сараш ашк мерехт, хоҳиш кард, ки ҳамсару фарзанди ояндаашро соҳибӣ кунад ва чашмонашро пӯшид.
Ҳикматро ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» бор карда, сӯи бе-морхона шитофтанд, вале ҷавони номурод ба беморхона нарасида дар роҳ ҳалок шуд.
Аҳли деҳа аз ин хабари шум огоҳ шуда, гирди хонаи Ҳикматино чарх мезаданд, аммо падару модар ва ҳамсару хоҳаронаш аз фоҷиаи хунин бехабар буданд. Мавҷигул гаштаю баргашта ба шавҳараш Ҳикмат занг мезад, лекин аз чӣ бошад, ки телефонаш дастнорас буд. «Эҳтимол ба ягон ҷойи дигар ба кор рафта бошанд” худро тасаллӣ медод ҷавонзани ҳомиладор, модари зори Ҳикмат бошад, ҳатто ба гӯшаи хайёлаш намеовард, ки фарзанди азизаш, писари гулдасташ, ҷигарбандаш аз олам гузашт. Бечора модар аз куҷо медонист, ки Ҳикматаш ҳангоми аз чунин баландӣ ба замин афтидан чанд маротиба очаҷон гуфт, оҳ гуфт, воҳ гуфт, вақти ба ҷонофарин супурдани ҷони ҷавонаш об гуфт...
Пас аз чор рӯзи воқеа ҷасади Ҳикмати номуродро ба Тоҷикистон, аниқтараш ба ноҳияи Шаҳритус оварданд. Он рӯз дар хонаи амаки Қурбон гӯё қиёмат қоим гашта буд. Модари зори Ҳикмат баробари дидани тобути оҳанини писараш аз ҳуш рафту зани ҷавонашро аз тарсу даҳшат дарди зодан гирифт. Хайрият, ки табибон сари вақт ба им-додаш расиданд, вагарна охирин нишонаи Ҳикмати ҷавон-марг норасид ба дунё омада, шояд думболи падараш ба во-дии хомӯшон сафар мекард.
“Пас аз чанд рӯз тифлаке ба дунё меояд, ки як умр дар орзуяш будӣ, чаро зану фарзандатро партофта меравӣ?! Ҳикматҷон, чароғи зиндагию бахти аввалам, маро танҳо монда нарав!!!» аз паси тобути шавҳараш давида нола ме-кард Мавҷигули сиёҳбахт.
Модари ҷигархуни паҳлавони гулгулкафан аз қафои то-бут медавиду фиғон мекашид: «Чаро маро намебаред. Бе Ҳикмат зиндагӣ ба ман чӣ даркор?! Маро ҳамроҳи писарам гӯр кунед, мардум! Дигар зистан намехоҳам, маро зинда ба зинда гӯр кунед.»
Кӯҳу дашту даман ҳамроҳи модар навҳа кашида, такрор мекарданд: «Маро ҳамроҳи писарам гӯр кунед!!!»
Худованд чунин рӯзи сиёҳро ба ягон бандааш раво набинаду ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро нигаҳбон бошад!