Дирӯз дар шаҳри Исфараи Вилояти Суғд аз як хона якбора ду тобут бароварданд. Хоҳарон Гулшан ва Озода бо ҳукми тақдир дар як рӯз ва дар як соат ҷон ба ҷонофарин супурданд.
Яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара бо шарти ошкор накардани ному насабаш ба хабанигори сомонаи Oila.tj дар ин бора маълумот дода, чунин гуфт:
Гулшан Раҳимова аслан зодаи ҷамоати шаҳраки Исфара буда, дар деҳаи Навгилем ба шавҳар баромадааст. Хоҳараш Озодаи 16-сола ба хонаи Гулшан, ки аллакай модари 3 фарзанд гашта буд, меҳмонӣ меояд. Ин шабу рӯз дар Исфара айёми ҷӯшу хурӯши ҷамъоварии зардолӯ аст. Апаю хоҳар зардолуи боғи Гулшанро ҷамъоварӣ карда, мешӯянд ва бо мақсади хушконидан дар офтобрӯя паҳн мекунанд. Пас аз ин Озода ба лаби дарё мефарояд, то ки дастонашро бишӯям. Ҳангоми дастшӯйи пояш лажғида духтарак ба об меафтад. Гулшан бо дидани ин манзара сахт ба таҳлука афтида, ба хотири наҷот додани ҷони хоҳараш худро ба об меандозад, аммо бо ҷараёни пурҷӯшу хурӯши дарё муқовимат карда наметавонад, ғарқ мешавад.
Ҳамин тавр дар байни чанд сония дарёи одамхӯр ҷони ду инсонро рабуд. Ҷасадҳои Гулшан ва Озодаро аз наздикии тарабхонаи “Лола”-и шаҳри Исфара пайдо карданд.
Ҷисмҳои бе ҷони ин апаю хоҳари ҷавонмаргро дирӯз соати 16-10 ба хонаи падарашон бурда, дар зодгоҳашон ба хок супурданд.