arzon replenishment
МАРГИ ДУ АСКАРБАЧА БА ХОТИРИ НАҶОТИ НАВРАСИ 16 СОЛА
4106


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷустуҷӯӣ ҷасади ду аскарбача идома дорад, ки ҳафтае қабл, аниқтараш рӯзи 29-уми сентябр худро ба дарёи Бартанг, яке аз шохаҳои дарёи Панҷ партофта буданд...

Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов ба хотири наҷот додани ҷони як ҷавони 15-16 сола худро ба коми пуртуғёни дарё афканданд, аммо Бартанг мисли аждари хуношом касеро амон надода, дар як мижжа задан се қурбониро ба коми худ кашид.

Ин аскарбачаҳои қаҳрамон мехостанд аз худкушии як талаби синфи 10-ум, ки худро ба дарё афканданӣ буд, пешгирӣ намоянд.
Ба гуфти шоҳидон дар аввал ба аскарбачаҳо муяссар гаштааст, ки ин бачаи наврасро бо суханони насиҳатомези худ аз райъаш гардонанд, вале бо дидани он ки яке аз хешовандонашон ба сӯйи онҳо давида истодааст, бача ба изтироб афтида, худро ба дарё ҳаво медиҳад.

Бо дидани ин манзараи даҳшатангез Сироҷиддин ва Қандилҷон ба таҳлука афтида, аз паси он бача худро ба дарё ҳаво медиҳанд, то ӯро наҷот диҳанд, вале...
Эҳтимолан аз сабаби бисёр сард будани оби дарёи Бартанг ва вазнин будани либосу пойафзоли низомиашон ин кор ба аскарон муяссар намегардад.
Сироҷиддину Қандилҷон натанҳо талабаи худкушӣ кардаи рӯшониро наҷот дода натавонистанд, балки худашон низ дар дарё ғарқ шуданд.
Ҷасади бачаи худкушӣ кардаро, ки сокини деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон будааст, пас аз 4 рӯз, санаи 2-юми октябр пайдо карданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ду аскарбачаи қаҳрамон то ҳол идома дорад.

Мо ба волидон ва хешу ақрабои ин ду ҷавони шаҳид дар таҳаммули ин фоҷиаи талху сангин аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем.
Ҷоятон биҳишти ҷовидон бод, аскарбачаҳои қаҳрамон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД