Formula novemver 2024
Марди тоҷике, ки бо ҳунари худ Фирдавсиро дубора зинда мекунад
1212


Кордгарӣ яке аз қадимтарин навъҳои ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ба шумор меравад. Таърихи пайдоиши ин ҳунар ба кашфи маъдани оҳан сахт алоқаманд аст.

Дар давраҳои қадим пеш аз асри оҳан, одамон ба ҷои корд аз сангҳои гуногуни нӯгтез истифода мебурданд. Инсоният пас аз он ки такмил додани фулузро омӯхт, ба сохтани кордҳои оҳанӣ машғул шуд.

file....

Баъдан ҳунари кордсозӣ миёни мардуми ҷаҳон, хусусан тоҷикон васеъ паҳн гашт ва ин ҳунар то ҳол инкишфу ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Кордҳои сохтаи ҳунармандони тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, маҳсули дасти онҳо ба кишварҳои дури олам низ рафта расидааст. Абдуманон Ҳусейнзода яке аз чунин кордсозни машҳур мебошад. Ӯ натанҳо аз нозукиҳои касби кордсозию оҳангарӣ, балки аз ҳунарҳои заргарӣ, мисгарӣ, кандакорӣ, маҳсидӯзӣ, муҷассамасозӣ ва хаттотӣ низ воқиф буда, дар байни мардум чун марди панҷ панҷааш ҳунар ном баровардааст.

file..._1

Абдуманон Ҳусейнзодаро ҳамчун ҳунарманди номӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзи кишварамон низ хуб мешиносанд, зеро асарҳои офаридаи ӯ дар ҳама озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Дастранҷи ин ҳунарманди асил ба якчанд сарони кишварҳои дунё ҳамчун армуғон эҳдо гаштааст.

file....

Абдуманон Ҳусейнзода бо чи душвриҳо касбҳои мухталифро омӯхтанашро чунин қисса кард:
-Меҳри ҳунару ҳунармандӣ дар хун ва рагу пайванди аҳли оилаи мо нуҳуфтааст. Падарам Абдуваҳҳоби оҳангар яке аз машҳуртарин оҳангарони давр буданд. Он кас аз ҳунарашон ҳашт писари худро баҳравар сохтаанд. Дар ёдам ҳаст, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бароям тарзи чӣ гуна доштани асбобу анҷоми оҳангариро меомӯзониданд.

ӣӣӣӣ

Он кас маро доимо ҳамроҳи худ ҳар куҷое, ки раванд, мебурданд. Рӯзе ману падарам ба хонаи тағояшон-усто Аброри кордсоз меҳмонӣ рафтем. Он кас корду шамшерҳои сохтаашонро бо ифтихор ба мо нишон доданд. Ҳар кадоми ин асбобҳо завқу салиқаи ба худ хос сохта шуда буданд.

_6

Ман бо дидани ин манзара гӯё ба олами дигар, ба замони зиндагии ниёгонамон афтода бошам, муттаҳайир шудам ва баъди баргаштан ба ҷону ҳоли падарам намонда, маҷбур крадам, ки маро дар назди ягон устои кордсоз шогирд монанд. Падарам хоҳиши маро пазируфта, дар назди Усто-Олими кордгар шогирд гузоштанд. Чун шавқу рағбати ман нисбати касби оҳангарӣ хеле зиёд буд, дар як муддати кӯтоҳ нозукиҳои ин касби хеле душврро аз худ намудам. Пас аз он ки нозукиҳои кордсозиро ёд гирифтам, фикри омӯхтани навъҳои дигари ҳунар дар майнаам пайдо шуд ва дар назди Усто-Абдусамади маҳсидӯз шогирд истодам.

ъъ

Омӯхтани касби маҳсидӯзӣ барои омӯхтани навҳои дигари ҳунарҳои мардумӣ ва офаридани асарҳои минбаъда бароям кӯмак намуд...
Ба қавли қаҳрамони мо, ҳунарманд барои он ки як асари мукаммал офарад, бояд аз нозукиҳои якчанд ҳунар воқиф бошад. Аз ҳамин хотир, вай нозукиҳои тамоми касбу ҳунарҳои барояш писанд афтидаро меомӯхт. Ҳунари заргариро амаки Абдуманон аз соҳибҳунарони "Растаи ҳунармандон" -и шаҳри Истаравшан омӯхтааст.

ммм

Назар ба гуфти худи қаҳрамонамон “ҳунарманд дузд аст, вале бо даст не, ба чашм медуздад. Ҳар чизе, ки мебинад аз худ мекунад ва дар ҷойи мувофиқу муносиб онро кор мефармояд...”

Абдуманон Ҳусейнзода хаёлан ба гузашта дур парвоз карда, қисса мекунад:
-Ҳар боре, ки ба хонаи аммаам мерафтам, назди язнаам Раҳмонбердӣ нишаста, ба заргарии он кас зеҳн мемондам ва бо ҳамин васила нозукиҳои касби заргариамро низ оҳиста-оҳиста ёд гирифтаму баъдан ҳунарамро дар назди устоҳои дигар такмил додам.


Вақте пурсидем, ки чаро бо як ҳунар иктифо накарда, чандин ҳунарҳоро аз худ намудааст, амаки Абдуманон андешамандона гуфтанд:
-Фикр мекунам, дар зиндагӣ ҳамон нафаре муваффақ мешавад, ки ҳафт-ҳашт ҳунар дорад, зеро инсон намедонад, ки дар кадм лаҳзаҳои зиндагӣ маҳз кадом ҳунараш ба кор рафта, барояш ризқу рӯзӣ меорад.

"Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ"

Асарҳои офаридаи Абдуманнон Ҳусейнзода зери маҷмӯаи "Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ" ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳар як асари офаридааш аз қиссаҳои "Шоҳнома" - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва аз таърихи ориёи бузург маншаъ мегирад.

_7-Банда байтҳои Ҳофизи Шерозӣ,  ва қиссаҳои онро аз забони бибиам Мунаввар ҳанӯз дар овони кӯдакӣ мешунидаму аз худ мекардам. Пас аз он ки ба камол расидаму ба риштаи шарқшиносии ДМТ дохил шудам, таваҷҷӯҳи ман ба ин асарҳо зиёдтар шуд. Дар ин даргоҳ ман ҳунари хаттотии худро сайқал бахшидам,-мегӯяд Ҳусейнзода.

Соли 1994 бо қарори ЮНЕСКО 1090 - солагии асари безаволи "Шоҳнома" таҷлил карда шуд. Ҳафт нафар шогирдони Абдуманон Ҳусейнзода, ки аз се сола то ҳабдаҳсола буданд, дар "Шоҳномахонӣ" дар Тоҷикистон ғолиби мутлақ эълон шуданд ва ба ин восита ба сайри шаҳрҳои таърихии Осиёии Миёна мушарраф гардида, ҳунарнамоӣ карданд ва ба зиёрати марқади Абулқосим Фирдавсӣ шарафёб гардиданд.

Назар ба гуфти қаҳрамони мо Абдуманон Ҳусейнзода дарки баланди маърифати "Шоҳнома" ба ӯ имкон додааст, ки ба офаридани ҳунарҳое, ки дар "Шоҳнома" зикр гардидаанд, камари ҳиммат бубандад.
-Идеяе ба сарам омад, ки ба воситаи касбҳои доштаам ҳар он ҳунаре ки дар "Шоҳнома" ҳаст, зинда намоям.

Мехоҳам ба ҷаҳониён асари арзишманди Ҳаким Абулқосим Фирдависӣ ва нажоди худро ба таври реалӣ нишон диҳам. Имрӯзҳо асарҳои офаридаам зери маҷмӯаи "Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ" ҷамъ омадаанду меоянд. Аз ҷумла "Шамшери давраи ҷавонии Рустам", "Шамшери давраи паҳлавонии Рустам", "Миёнбанди Рустам", "Тиру камони Рустам", "Авроқи Шоҳнома", "Мори Заҳҳок", "Нарди Шоҳнома", "Тахти Ҷамшед", "Сангпушт ва каждум" (аз "Баҳористон" -и А.Ҷомӣ), "Нолаи ошиқ", "Ҷоми Ҳофизи Шерозӣ", "Акинака", "685 - солагии Камоли Хуҷандӣ", "Ман ба Шумо сулҳ овардам" ва амсоли инҳо, ҳамчунин, садҳо кордҳои ороишӣ, армуғонӣ ва рӯзғорӣ сохта шудаанд, -мегӯяд қаҳрамони мо.

Ӯ мехоҳад гурз ва сипари Рустамро низ эҷод карда, ба маҷмӯаи асараш ҳамроҳ намояд. Калонтарин дастранҷи ҳунараш "Шамшери давраи паҳлавонии Рустам" мебошад, ки дарозиаш 2.7 метр ва вазнаш 30 кг-ро ташкил медиҳад.

_6

Дар ҳар як асари ӯ байтҳои "Шоҳнома" бо ҳуруфи форсӣ ҳаккокӣ шудаанд, ки ба ин ё он ҳунар муталлиқанд.

Вохӯрӣ бо сарони кишварҳои ҷаҳон ва армуғон ба В.И.Путин

Абдуманнон Ҳусейнзода дар бисёр намоишҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзида, бо ин восита сайри ҷаҳон кардааст.
-Банда ҳар намоиши ҳунарие, ки мешуд иштирок мекардам. Ба ин восита сайри Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Дубай, Туркия, Эрон, Фаронса, Ҷопон, Корея, Чин, Сингапур, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон намудам. Соли 2007 вақте ки сарони кишварҳои олам ба Тоҷикистон ташриф оварданд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда буд, ки банда дар он иштирок карда, ба президенти Русия Путин армуғон эҳдо намудам. Вохӯрдан бо ин қадар сарони кишварҳои мухталифи олам бароям боиси ифтихору сарбаландӣ аст, зеро дар ҳар ҷашнворае, ки камина ширкат варзидаам, бе сипосномаву мукофот ва ғолибият барнагаштаам,-мегӯяд бо ифтихор ин марди ҳунар.

яяя

Ногуфта намнад, ки Абдуманнон Ҳусейнзода дар фестивал-озмуне, ки соли 2010 ба муносибати таҷлили "Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги Исломӣ" аз тарафи "Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг" ташкил шуда буд, ҳамчун хаттот ғолиб дониста шуда, бо тӯҳфаву сипоснома қадрдонӣ гардидааст.
Маркази фарҳанг ва ҳунари "Ҳушанг"
Маркази фарҳанг ва ҳунари "Ҳушанг" соли 2006 бахшида ба бузургдошти "Тамаддуни Ориёӣ дар Тоҷикистон" ба истифода дода шудааст, ки аз 13 дӯкони кории оҳангарон иборат аст.

Ин маркази фарҳанг ва ҳунари "Ҳушанг" тӯли се сол аз ҷониби Абдуманон Ҳусейнзода, бо услуби Ҷамшедӣ оро дода шуда, имрӯзҳо дар ин боргоҳи ҳунар худ фаъолият мебарад.


-Маркази фарҳанг ва ҳунари "Ҳушанг" ин маъвои дили ман ҳаст. Мехоҳам дар оянда ҳудуди марказ васеъ карда шавад ва пайкараи оҳангари машҳури давр Озари Уструшанӣ гузошта шавад,-мегӯяд Абдуманнон Ҳусейнзода.
Хизматҳои шоёни қаҳрамони мо аз тарафи Ҳукумати СССР (с1988) бо "Грамотаи фахрии СССР", ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони "Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии маорифи халқ" қадрдонӣ карда шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби ташкилотҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бо даҳҳо диплому сипосномаҳо сарфароз гардидааст.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД