Солҳои зиёдест, ки шавҳарам барои дарёфт намудани қути лоямут дар яке аз шаҳрҳои сарди кишвари рус дар сохтмон кор мекунад.
Фарзандони бечораам рӯйи падарашонро ба серӣ намебинанд, мардакам дар чанд сол як бор ба Ватан меояду як моҳ ҳам наистода, боз рахти сафар мебандад.
Маблағи мефиристодааш базӯр ба хӯрока мерасад, худам дар бозор майда-чӯйдафурӯшӣ карда, барои фарзандонам сару либос ва пойафзоли тобистонаю зимистона мехарам, пули мактабашонро медиҳам, дигар хароҷотҳояшонро таъмин менамоям.
Бе мард зистану фарзандонро дар танҳоӣ тарбия кардан ба дилам задааст, бар асари кори вазнину дар ҳавои сард нишаста савдо кардан саломатиям рӯз ба рӯз бад шуда истодааст, бар замми ин, руҳан сахт монда шудаам.
Бачаҳоям рӯз ба рӯз калонтар шуда, талаботашон торафт меафзояд, фарзанди калониамро бе падараш оиладор карда, қарздор шудам. Ҳар рӯз қарздодагон ба дари хонаам омада, талаб карда истодаанд, ки хонаамро фурӯхта, пули онҳоро баргардонам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаву хоҳарони мардакам «ин хонаву дар азони падарамон аст» гуфта, бо таънаю пичингашон ҷонамро ба лабам мерасонанд. Дар ҳоли ногувор монда, чӣ кор карданамро намедонам. Рӯз ба рӯз аҳволамон бадтар шуда истодааст, барои ҳамин, қарор додам, ки дарди диламро бо воситаи “Оила” ба шавҳарам расонам, бошад, ки ақлу ҳуши мардаки бепарвои ман ба сараш зада, ба Ватан баргардад ва зану фарзандонашро соҳибӣ кунад.
Хонандаи «Оила».