Соли 2018 дар ИМА марди қадбаландтарин Роберт Уодлоу ба дунё омад. Дар китоби рекордҳои Гиннес қайд шудааст, ки дарозии қади ӯ 272 сантиметр буд.
Бо шарофати қади дарозаш Роберт дар саҳнаи Сирк бо тахаллуси “Гиганти Олтон” баромад карда, баъдан намояндаи як ширкати пойафзолбарорӣ шуд. Нафароне, ки ӯро мешинохтанд, Робертро ҳамчун инсони нек ёдоварӣ кардаанд.
Бо вуҷуди он ки Роберт ҳамеша бемор буд, ӯ аз 800 шаҳри ИМА дидан намудааст.
Сабаби қади дароз доштани Роберт дар бисёр будани ҳормони қад буда, номбурда дар синни 22-солагӣ бо сабаби ба ҷароҳаташ ворид шудани инфексия вафот кардааст.