Бахт дар қуллаи куҳ
Мошинҳои орододашуда, ки дар яке аз онҳо Мавзунаи гуларӯсак менишаст, гӯё нафасгир шуда теппаи куҳиро бо азоб боло шуданд. Меҳмонҳои шаҳрӣ аз тамошои манзараҳои зебои куҳистон ба ваҷд омада шишаҳои тирезаи мошинро пасттар фароварда буданду аз ҳавои серуни тирамоҳӣ баҳра мебурданд. Дарахтони пурбори дӯлона ва себу ангури қад-қади роҳи калон ин мавзеъро ба назар боз ҳам зеботар ҷилва медод ва меҳмонони мошинсавор худро дар сайру тамошои биҳишт эҳсос менамуданд. Ниҳоят корвони арӯсӣ ба деҳае, ки домод он ҷо мезист, расид. Бачаҳои деҳотӣ мисли як села зоғчаҳо ҳаёҳуйкунон аз паси мошинҳои бо гулу лентаҳои рангоранг ороёфта медавиданд. Корвони арӯсӣ теппачаеро баромада дар назди ҳавлие, ки хонаҳои пастаки гилин ва дарвозаи чӯбини фарсудааш кинофилми «Субҳи нахустини ҷавонӣ»-ро ба ёд меовард, қарор гирифт. Дар зери навои карнаю сурнай ва нидоҳои муборакбодӣ арӯсро аз мошин фароварданд. Роҳрави сангфарш чунон борик буд, ки арӯси бечора тарсидаю ларзида базӯр –базӯр қадам мениҳод. Барои ин духтараки шаҳрии умре дар рӯйи асфалти кафи даст барин ҳамвор қадамзада дар чунин пайроҳаи душворгузар қадам задан коре буд дандоншикан. Тӯй одию хоксорона гузашт. Мавзунаи нозукаки шаҳрӣ дар ин болокуҳ роҳ гашта наметавонист, вале хоҳарони шавҳараш ӯро дилбардорӣ дода мегуфтанд, ки оҳиста-оҳиста ба ҳаёти куҳистон одат хоҳад кард.
Эркаписар
Рӯзҳову моҳҳову солҳо гузаштанду Мавзуна соҳиби 4 духтару як писар шуд. Шавҳараш мисли аксари мардҳои куҳистонӣ ба духтарҳояш чандон рӯи хуш намедод, аммо писарчаашро болои сар мебардошт. Таъкид ба таъкид ба Мавзуна мегуфт, ки бачаро эҳтиёт кунад, зеро ному нишон ва меросхӯру номбардори падар хоҳад гашт. Нозбардории падар писарчаи зиракро аз овони тифли шӯху қайсару нописанд карда монд. Падари хонадон марди ботақво ва меҳрубоне буд, духтаронаш ҳам хушбину хушрафтор буданд, вале шавҳари Мавзуна бар хилофи дигар аъзоёни оилаашон худхоҳу худписанд ва аз даҳонаш ягон сухани хуш намебаромад.
Мавзуна баъди писарчааш боз ду духтарчаи дигар ба дунё оварда соҳиби 6 фарзанд гашта буд. Духтарҳояш оромтабиат буданду модарашонро азоб намедоданд, вале писарчаи эркааш ӯро хуни ҷигар мекард. Вай мисли бачаи уқоб кӯҳ ба кӯҳу қулла ба қулла мегашт, гоҳ ба шохи дарахт мебаромаду гоҳ ба рӯйи бом ва модар рӯзи дароз аз пасаш овора буд.
Фоҷиа ва талоқ
Мавзуна кӯдаки хурдсолашро дар гаҳвора хобонду худаш ҳам нафаҳмида монд, ки чӣ тавр сари гаҳвора ғанабаш бурдааст. Ногоҳ аз садои гиряи писарчааш ва доду фарёди аҳли хонадон бедор шуда, як қад парида хест ва ба берун тохт. Писарчаи 6 солааш дар рӯи дасти бобояш ғарқи хун буд. Мавзуна бо дидани ин манзара талхакаф шуда дар ҷояш шах шуда монд. Шаппотии обдори ба гӯшаш задаи шавҳараш ӯро ба худ овард. Ҷавонзан бо чашмони гирён ба сӯйи писарчаи ғарқи хунаш давида, хост кӯдакро ба оғӯш бигирад, вале шавҳараш пешдастӣ намуда бачаро аз дасти мӯйсафед гирифт ва теғ кашида ба Мавзуна нигаристу дод зад: «Дафъ шав аз назарам касофат. 3 талоқат кардам!!!»
Бо шунидани ин сухани тақдирсӯз дунё дар назари ҷавонзан тираю тор гашта оби чашмонаш ба бари рухсораҳояш шорид. Бачаро ба бемористони шаҳрӣ бурданду ҳамсояҳо то баргаштани шавҳараш Мавзунаро бо духтарҳояш ба хонаи падараш бурданд. Ҷавонзани бечора байни ду оташ монда чӣ кор карданашро намедонист. Аз ҳоли писарчааш хабар надошт ва бесаброна роҳи падару бародарашро мепоид, ки баъди шунидани шумхабар ба бемористон рафта буданд. Падару бародараш қарибиҳои шом аз беморхона баргашта, асли воқеаро ба Мавзуна ҳикоя карданд, писарчааш бачаи майнаро мегирам, гӯён ба дарахт баромадааст. Навдаи дарахт шикаста ба замин меафтаду манаҳаш бо тунукаи тезе зада хуншор мешавад.
Писарак гап зада натавонад ҳам, бо чашмони ҳаросон модарашро меҷустааст. Мавзуна ин хабарро шунида ба аёдати писараш шитофт, вале шавҳараш ӯро аз дари палата даромадан намонда бо дашному ҳақорат ронд. Дили Мавзуна фишор мехӯрд, симои хунолудаи писарчааш ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд, бар замми ин болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин шавҳараш ӯро талоқ дод. Ғам ҷавонзанро дарун ба дарун мехӯрд.
Очадори бе оча
Эраҷ бо ҷоғи дӯхтаи докапеч дар хонаи падараш мехобид. Акнун забонаш кушода шуда буд ва ҳар лаҳза модарашро мепурсид. Бибиву янгаҳояш дар гирдаш парвона буданд ва «очаат меояд, тоқат кун» гӯён, бачаро дилбардорӣ медоданд, вале падараш бо ситеза «очаат мурд, дигар намеояд! Вай туро ба ин ҳол расонду боз оча мегӯӣ»-гӯён ба сари кӯдак дод зада дилашро хун мекард. Ҳамин тавр очаю бача аз якдигар зиндаҷудо гаштанду Эраҷро ба мактаб ба ҷойи модараш аммаҳояш бурданд…
Дуои падар
Падаршӯйи Мавзуна сари ҷойнамоз нишаста барои келинаки меҳнатию меҳрубонаш зор-зор мегирист. Мӯйсафед намозашро бо оби дида хонду даст ба дуо бардошта пичиррос зад:
-Илоҳо, писарам 7 зани дигар бигирӣ, вале 7 бор ҳам хонавайрон шавию ба қадри бахти аввалат расида, оқибат боз ҳамон келини фариштахислатамро ба ин хона биёрӣ. Омин ё рабулоламин!
Саид аз шунидани ин дуои падар дар ҷояш шах шуда монд…
Занҷаллоб
Саид барои писарчааш шуда Мавзунаро талоқ дод, вале акнун бача «очаамро биёр» гӯён, рӯзашро сиёҳ мекард. Ҷавонмарди беандеша сахт пушаймон буд аз кирдори хеш, вале дигар пушаймониаш суде надошт. Барои дубора ба никоҳаш даровардани Мавзунаи меҳнатӣ назди чандин муллоҳои номдор рафт, аммо касе давои се талоқро наёфт. Ӯ ба ҷустуҷӯи зани нав афтод. Пас аз чанде арӯси табъи дилашро ёфт, вале дуои падар мустаҷоб гашта на бо зани дуюму на бо зани сеюму чорумаш хушбахт нашуд. 7 зани дигарро ба хонааш овард, вале ҷавобашонро баъди 6 моҳ ё як солу ду соли зиндагӣ кардан медод. Занҳояш тардомон, бадахлоқ ё бадзабон мебаромаданд. Зани ҳафтумаш духтари бикр, аммо пояш ланг буд ва аз Саид писарчае ба дунё овард, аммо…
Бахти дуюми бевазан
Ба ҷону ҳолаш намонда, Мавзунаро як сол пас ба шавҳар доданд. Шӯйи наваш марди меҳрубону оқил буд. Онҳо соҳиби се духтар шуданд ва сафи фарзандони Мавзуна ба 9-то расид. Ягона чизе, ки Мавзунаро озор медод, дурии писаракаш буд, дигар аз чизе камбудӣ надошт. Шавҳари наваш марди доро ва соҳиби хонаҳои сеошёнаю зиндагии шоҳона буд, вале…
Боз ман танҳои танҳо
Марги шавҳараш, ки аз худ се духтарчаро ба Мавзуна мерос гузошт, дили занро дубора ғарқоби хун кард. Занаки бетолеъ худро рӯи ҷасади шавҳараш партофта навҳа мекашид ва барои бахти нагунгаштааш зор-зор мегирист, вале тақдирро тадбир набуд.
Бозгашти бахти аввал
Саид хабари марги шавҳари Мавзунаро шунида хурсанд шуд. Акнун вай ҳар рӯз ба хонаи зани якумаш рафта зориву тавалло менамуд, ки зани вай шавад. Мавзуна бо ӯ ҳатто гап задан намехост, вале Саид мисли магас хирагӣ карда, ҳеҷ аз вай дил кандан намехост. Гаштаю баргашта таъкид мекард:
-Андешаатро чуқуртар кун, писарамон зангир шудааст, магар намехоҳӣ, ки келин фароварда ормон шиканем? Ҷудоӣ аз писарчааш барои Мавзуна баробари марг буд ва ниҳоят меҳри фарзанд ғолиб омаду розигӣ дод. Дуои падар мустаҷоб гашт, баъди 7 зан гирифтан Саид боз зани якумашро ба никоҳи худ даровард ва ҷавоби зани лангашро дода ӯро бо писарчааш аз хона ронд. Вақте ки мошин нафасгир шуда пайроҳаи пур аз чангу хоки куҳиро боло мешуд, ба ёди Мавзуна корвони арӯсиаш расид, ки ӯро бори нахуст ба ин деҳаи хушманзара оварда буд. Ашки шодӣ аз дидагонаш мешориду мешорид…