arzon replenishment
МАРДЕ, КИ АЗ 10 АНГУШТАШ ҲУНАР МЕРЕЗАД
1340

    

Бузургонамон фармудаанд:

Ҳунар аз нуқраву тиллову зар беҳ,

Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ.

Сарнавишти Ғайбулло Хоҷаев далели равшани ин гуфтаҳост, зеро ин марди 58-сола маҳз бо шарофати ҳунарҳои латиф ва нотакрораш соҳиби ному нон гашта, дар байни мардуми шарифи Истаравшани бостонӣ обрӯву эътибори хосеро сазовор гаштааст. Достони зиндагии ин марди наҷиб хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

Ғайбулло Ҳоҷиев 2-юми сентябри соли 1963 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ӯ ба зебоиҳои атроф шавқу рағбати зиёде дошт ва бо завқу фаҳмиши кӯдаконааш ҳамеша рӯйи авроқи сафед манзараҳои дилфиреби табиат ва ҳайвоноти гуногунро тасвир мекард. Падар ҳисси зебопарастии фарзандашро пай бурда, Ғайбуллоро назди Ҳасан Обидов ном марди ҳунарманд, ки ҳар ангушташ ҳунар буд, шогирд гузошт.

Бо мурури замон ин бачаи хушзавқ аз устодаш ҳунарҳои рассомӣ, наққошӣ, рангу бори хона ва сохтани муҷассамаву пулҷамкунакро омӯхт, вале дили ташнаи омӯзишаш ҳанӯз ором намегирифт. Ӯ мехост асрори касбу ҳунарҳои нав ба навро мӯзад ва маҳорати худро дар ҷодаҳои гуногун бисанҷад, аз ҳамин хотир ҳуҷҷатҳояшро ба курси омӯзиши ҳунари ошпазӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳуриии Ӯзбекистон дар "Дом отдых” -и Истаравшан ташкил шуда буд, супурд.

"Он вақтҳо курсҳои омӯзишӣ хеле зиëд буданд. Дар ин курсҳо хазинабон, фурӯшанда ва ошпаз омода мекарданд. Таваҷҷӯҳи ман, ки нисбат ба касби ошпазӣ зиëд буд, хостам нозукиҳои ин ҳунарро ҳам аз худ кунам," -қисса мекунад қаҳрамони мо.

Ғайбулло Ҳоҷиев пас аз шаш моҳи таҳсил дар курси омӯзишӣ соҳиби дипломи ошпаз гашт, аммо баъдан ӯро ба хизмати Модар-Ватан даъват намуданд.

Пас аз адои хизмат Ғайбулло то соли 1993 дар корхонаи либосбарории “Трикотаж” кор кард, аммо оғоз ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ин марди ҳунармандро низ бо санҷишҳои пай дар пайи ҳаёт рӯ ба рӯ намуд. Он рӯзҳоро ба ёд оварда, қаҳрамони мо чунин нақл мекунад:

"Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, дар аксари корхонаҳо корпартоӣ ба амал омад. Бештари корхонаҳо баста шуданд, аз ҷумла корхонаи либосбарории "Трикотаж"-и Ӯротеппа ҳам. Ман, ки марди хона будам, бояд роҳи дигарӣ даромадро пайдо мекардам. Ҷанги шаҳрвандӣ нав ба охир расида буд ва мардум оқибатҳои онро бартараф намуда, хонаву ҳавлиҳои худро аз нав таъмир мекарданд. Аз ҳамин хотир ман хеле андеша намуда, ба хулосае омадам, ки бояд аз паси кори устогӣ шавам. Миёнамро маҳкам бастам ва панҷ-шаш ҷавонро ба шогирдӣ гирифта, ба кор сар кардам. Мо супориш гирифта тамоми корҳои сохтмон ва таъмири манзилро аз рехтани пойдевор то ба калид анҷом медодем. Устогӣ кори вазнин бошад ҳам, даромади хуб дошт, вале бо мурури замон синну солам ба ҷое расид ва фарзандонам дигар иҷозат надоданд, ки бо корҳои миёншикани сохтмонӣ машғул шавам...

Фарзандонаш пайваста таъкид мекарданд, ки ҳамин қадар сол заҳмат кашид, кифоя аст, акнун дар сояи давлати онҳо дам гирад, истироҳат кунад, вале ин марди меҳнатқарин ҳатто лаҳзае ҳам бекор нишаста наметавонист. Ӯ ба худ машғулияти нав пайдо намуда, ба сохтани “Капилка”-пулҷамкунак шурӯъ кард. Ҳунаре, ки ҳанӯз замони кӯдакию наврасӣ аз худ намуда буд, кор дод ва амаки Ғайбулло аз гаҷ симои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва дигар ҳайвонотро бо маҳорати баланд тасвир намуда, пулҷамкунак месохтагӣ шуд.

Имрӯзҳо талабот ба ин чиз хеле зиёд аст ва маҳсули дасти усто Ғайбулло натанҳо дар Истаравшан, балки дар Душанбеву Хуҷанд низ талабгорони бешумори худро дорад.

Ғайбулло Ҳоҷиев ба ғайр аз пулдон боз гулдонҳои хеле зебои замонавӣ низ месозад. Умраш ба ҷое расида бошад ҳам, ин марди даҳ ангушташ ҳунар тасмим гирифтааст, ки касби кулогариро ҳам ба роҳ монда, ба ҷавонон асрори ин ҳунаррро омӯзонад.

" Шаш-ҳафт намуд пулҷамкунаке, ки мебинед, маҳсули тахайюли худи ман аст. Мехоҳам дар оянда кулолгариро ба роҳ монам. Идеяҳои зиёду фикрҳои аҷиб дорам ва бисёр мехоҳам ҳунарҳоямро ба ҷавонони шавқманд ёд диҳам, вале устохонаи хурдакаки ман барои ин кор тангӣ мекунад,”-мегӯяд ин устои чирадаст.

Имрӯз усто Ғайбулло аз пушти ҳунаре, ки ҳанӯз 40-сол пеш мӯхта буд, нон мехӯрад ва соҳиби эҳтирому эътибор аст. Албатта, баъди 40-сол машғул шудан бо касбе, ки даврони кӯдакию ҷавонӣ омӯхта будӣ, осон нест, вале ҳунаре, ки кас онро бо муҳаббат аз худ кардааст, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотираш зудуда намегардад. Коре, ки бо майлу рағбати худ оғоз кардаед, тамоми умр устувор ва пойбарҷо мемонад. Усто Ғайбулло инро аз таҷрибаи зиндагии худ мегӯяд.

Тавре ки болотар ишора намудем, қаҳрамони мо мехоҳад фаъолияташро васеъ ба роҳ монда, барои аз байн нарафтани навъҳои гуногуни ҳунар шогирдони зиëде тайëр намояд, аммо барои ин коргоҳи кӯчакаш тангӣ мекунад.

Ҳунар манбаи ризқу рӯзӣ ва обрӯву мартаба аст. Мо ба устои моҳир Ғайбулло Ҳоҷиев барои давом додани ин пайроҳаи пурифтихор муваффақият мехоҳем.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД