Эргашбой-амак 40- сол мешавад, ки бо аъҷубасозӣ машғул аст. Ин ҳунар барояш аз бобокалонаш Ғафури кулолгар мерос мондааст.
Ба гуфти худи Эргашбой, ба аъҷубасозӣ машғул шудани бобову бобокалонҳояш таърихи аҷибе дорад. Бобокалони усто Эргаш-Ғафур-амак солҳо бо кулолгариву танурсозӣ машғул будааст, вале баъдан хобу рӯъёҳои гуногун ӯро ба ҳунари аъҷубасозӣ водор сохтааст.
"Аз рӯйи нақли падарам бобокалонам борҳо дар хобашон аъҷубаҳои гуногунро дида, баъзан вақт аз дидани аъҷубаҳои ҳайратовар ҳатто метарсидаанд, вале як қувваи ноаён он касро ҳамеша ба тасвир кардани он ҳайвонҳои булаҷабе, ки дар хоб ва дар олами рӯъё медиданд, талқин мекардааст. Баъди пай дар пай идани чунин хобҳои аҷоиб бобокалонам ба ҳунари аъҷубасозӣ рӯй оварда, ба тавсир кардани ҳайвонҳои аҷибе, ки дар хобашон медиданд, сар кардаанд. Баъдан бобокалонам ин ҳунари худро ба писарашон, яъне бобоям ёд додаанду бобоям дар навбати худ ин ҳунарро ба падарам омӯхтанд. Ман бошам сирру асрори аҷубасозиро аз бобову падарам ёд гирифтам”-қисса мекунад усто Эргашбой.
Акнун ин марди ҳунарманд нозукиҳои аҷубасозиро ба фарзандону пайвандон ва шогирдонаш меомӯзад. Ба гуфти худи Эргашбой аввалин аҷубаи сохтааш муҷассамаи маркабе будааст, ки дар болояш хӯтикча, яъне бачаи хат ва одам савор шудаанд. Бобояш таваҷҷӯҳи ӯро ба ҳунари аъҷубасозӣ дида, барои дилгарм сохтани наберааш онро дар хумдон пухтааст. Он вақт қаҳрамони мо ҳамагӣ 10-сол дошта бошад, бо дидани самари заҳматаш дилгарм шуда, минбаъд бо завқи дучанд ба омӯхтани нзукиҳои ҳунари аъҷубасозӣ сар кардааст.
"Аксари одамоне, ки дар деҳот ба воя расидаанд, ҳатман дар овони кӯдакӣ аз лой чизҳои гуногун (бозичаҳои гилӣ) сохтаанд. Дар хонаи мо лойи кулолӣ фаровон буд ва ман қариб ҳар рӯз ягон аъҷуба месохтам. Шавқу завқамро дида, бобокалонам ба ман кӯмак мекарданд. Ёд дорам, ки дар фасли гармо бо аҳли оила мо аз саҳар то шом ба сохтану ороиши аъҷубаҳо машғул мешудем. Имрӯз он саҳнае, ки дар овони кӯдакиям буд, айнан такрор меёбад. Бо аҳли оилаам нишаста, соатҳо ба наберагону пайвандонам тарзи сохтани аъҷубаро ёд медиҳам. Фарзандону наберагонам аз нозукиҳои ин ҳунар воқифанду кам-кам бо ин кор машғул мешаванд. Фикр мекунам, агар онҳо ин ҳунарро аз худ накунанд, ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Ҳифз намудану ба ояндагон мерос гузоштани ҳунарҳои қадимӣ қарзи азалии мо, ҳунармандон аст”-мегӯяд қаҳрамони мо.
Усто Эргашбой дар баробари аҷубасозӣ ба сохтани танӯрҳои гуногун машғул аст. Синну солаш ба ҷое расида бошад ҳам, ин марди меҳнатқарин эҳсоси хастагӣ накрада, ҳамеша бо шавқу завқи зиёд аз паси кор аст.
"Ман ҳар гоҳ бо аъҷубасозӣ ё танӯрозӣ машғул шавам, монда намешавам, балки баръакс хастагиам мебарояд, чунки пешаи худро сахт дӯст медорам. Ин ҳунар маро ҷаҳондида намуд. Туфайли аъҷубасозиам ба чандин кишварҳои олам сафар кардам,- бо ифтихор мегӯяд усто.
Усто Эргашбой дар озмуну фестивалҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ширкат варзида соҳиби диплому ҷоизаҳо гардидааст. Ӯ аз он хушҳол аст, ки эъҷози дастонашро дар ҳар кишваре пайдо кардан мумкин аст, зеро сайёҳони зиёде ба аъҷубаҳои ӯ бо ҳавас нигариста маҳсули заҳматашро харидорӣ кардаанд.