Майкл Зервос, коргардони 36-сола аз шаҳри Детройти ИМА, ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Ӯ дар муддати ҳамагӣ 499 рӯз ба ҳамаи 195 кишвари ҷаҳон сафар кард ва рекорди қаблиро 55 рӯз беҳтар намуд.
Сафари ӯ 18 январи соли 2024 оғоз шуд. Барои амалӣ кардани орзуяш Майкл ҳатто хонаи худро фурӯхт. Масири сафар аз Русия оғоз гардида, баъдан Туркия, тамоми қитъаи Африқо, Ховари Миёна, Қазоқистон, кишварҳои Осиё, Уқёнусия, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ ва ҳавзаи баҳри Карибро фаро гирифт. Дар ҳар як кишвар ӯ ҳадди ақал як шабонарӯз иқомат кард. Танҳо дар Ватикан ин кор имконнопазир буд, зеро он ҷо меҳмонхона вуҷуд надорад.
Тибқи меъёри Китоби рекордҳои Гиннес, шумораи расмии кишварҳои ҷаҳон 195 давлат мебошад. Ба ин рӯйхат 193 кишвари узви СММ, инчунин Ватикан ва Фаластин, ки мақоми нозир доранд, дохил мешаванд.