Ин ҳодисаи даҳшатбор дар Тунис рӯх додааст. Мард шабона, баъди аз кор ба хона баргаштан пойҳои занашро ба мор монанд карда, бераҳмона кардборон намудааст...
Бисёриҳо дар ин моҷаро худи ҷавонзанро гунаҳкор меҳисобанд. Ин хонуми роматник барои шавҳараш шоми фаромӯшнашаванда оростанӣ шуда, ҷӯробҳои пӯсти морро (колготки) пӯшида, дар рӯйи бистари хоб меғелад ва чанле пас хобаш бурда мемонад. Зани бечора мехостааст шавҳарашро ба ҳайрат биёрад. Вай шаби ширини пур аз ишқу муҳаббатро интизор буд, аммо ин шоми рмантикӣ бо фоҷиа анҷом ёфт.
Шавҳараш хеле дер, як поси шаб аз кор бармегардад ва дар хонаи нимторик дар болои бистари хоб ду “мор”-и калонро дида ба даҳшат меафтад. Бо гумони он ки хазандагони заҳрнок аз тиреза ба ҳуҷраи хоби онҳо даромадаанду занашро мегазанд, мард бо тамоми қувват пойҳои ба мор шабоҳат доштаи ҳамсарашро кордборон мекунад. Зан аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, бо тамоми овоз доду фарёд мебардорад ва шавҳар чароғро равшан карда мебинад,ки пойҳои занашро буридааст. Вай зуд ҳамсарашро ба беморхона мебарад.
МАРГИ МОДАР ДАР ПУШТИ ДАРИ ФАРЗАНД
Табибон бо дидани пойҳои пурхуни зан дарҳол ба пулис занг задаанд. Айни замон мард дар ҳабс қарор дорад. Вай ба кормандони пулис гуфтаат, ки дили нияти ба ҳамсараш зарар расонидан надошт, баръакс мехост занашро аз ҳуҷуми морҳо ҳимоя намояд, охир ӯ аз куҷо медонист, ки бонуи хонадонаш ҷӯробҳои зормондаи пӯсти морро пӯшида хобидааст.