Вохӯрии фоҷиабор
Як ҳафта пас аз бехобию азияти рӯҳи кашиданҳо ман бо Марям вохӯрдам, кош вонамехӯрдам…
Наврӯз ба ноҳияи мо дер фаро мерасаду бо дамидани сабзаҳои аввалину гулҳои зардак кабонуҳо дегҳоро қатор гузошта ҳар кадоме ҳунари хешро ба маърази намоиш мегузорад. Духтаракон дар шохи баландтари дарахтони чормағзу гелос ва чинору арчаҳои садсола арғунчак баста ҳой мераванд. Рӯзи вохӯрии мо низ Марям аз ҳамин гуна наврӯзии бонувона бармегашт, ӯ ҳамроҳи як дугонааш лаблаби дарё ки бахорон хеле сероб мешавад сӯҳбат кунон ба хонаашон бармегашт. Ман аз фурсати муносиб итифода бурда ба бараш рост шудаму банди дасташро дошта фарёд задам:
-Агар ишқи бачаи раис дар дилат ҷо дошт чаро ба ман нагуфтӣ?! Марям аз ин амали ғайричашмодошти ман худро гум карда бошад ҳам бо дасти дигараш аз куртаи дугонааш дошта канда –канда гуфт:
- Дар дили ман ишқи касе ҷой надорад ва ман ба ту ҳам ягон ваъда надодаам, ҳатто ҳамроҳат гап назадаам! Ту чӣ ҳуқуқ дорӣ дасти маро меқапӣ?! Мани аз рашк девонашуда дасти ӯро сахттар дошта ӯро тарафи худам кашидам, дугонаи Марям дуртар рафта мардумро ба ёрӣ ҷеғ зад, аммо Марям худашро аз дасти ман халос кардани шуда маро тела доду ман ӯро, дасти Марям аз дастам раҳо хӯрду ӯ якпаҳлӯ афтод сараш ба санги бузурги атрофи роҳ зада аз чаккаи сараш хун фаворра зад…
Ман вақте ба худ омадам, ки як гӯрӯ занҳо бо ҳар чӣ ба дасташон меафтид маро мезаданд. Вохӯрии мо фоҷиабор анҷом ёфт Марями нозанини ман дар роҳ ба беморхона нарасида вафот карду маро зиндон карданд…
Дар зиндон чанд бор қасди худкушӣ кардам, вале ҷони мани қотили осӣ ба Худованд даркор нест, ки ман ба муродам намерасам. Шуғлам фақат шеър навиштан аз ҳаҷру сӯзи Марям аст… Зиндониён ба ман Маҷнун лақаб гузоштаанду девонаам мепиндоранд, имсол бист сол мешавад, ки ман Марями нозанину бегуноҳро куштам.Аслан маро понздаҳ сол зиндон карда буданд, аммо ман худам ҳар гуна ҷиноятҳо содир карда боз муҳлат мегирам. Мехоҳам дар зиндон бимирам, охир бе Марям зиндагӣ барои ман маъно надорад.Падару модарам аз дунё гузаштаанд, бародаронам ҳар гоҳи ба аёдат омаданашон мегӯянд, ки ҳатто падару модари Марям туро бахшидаанд, ту кай худатро мебахшӣ?! Аммо ман худамро намебахшам…
Ман Марямро не, худамро дӯст медоштааму бо шунидани он ки моҳи шабҳои тори дили ман арӯси бегонае мегардад, ӯро куштам, ба сараш даст бардоштам… Ман тамоми китобҳои китобхонаи маҳбасро хондаам, дар тамоми асарҳои ишқи ошиқони асил аввал маъшуқаашонро мегузоранд, баъд худашонро хушбахтии дӯстдоштаашон хушбахтии онҳост, аммо ман….
Мақсади нома навиштанам ҳушдор ба ҷавонон аст, ки ба эҳсосот дода нашаванд. Ба хотири эҳтиром гузоштан ба иззати нафси худ ҳаёташонро насӯзанд…
Маҷнуни зиндонӣ
Таҳияи Нисо Холид