Малика Ҳаётоваи 38-сола сокини шаҳри Гулистон (пештара Қайроққум) буда, тани дардманд ва зиндагии сангине дорад. Ҳар чизе, ки барои як зан дар зинагӣ даркор аст-саломатӣ, шавҳар,хона-ин ҳамаро Малика надорад.
Бева, ки шудӣ, рӯзат сиёҳ мешавад
Малика дар бисоташ ҳамагӣ ду фарзанди ятим дорад, вале худованд ақаллан ба ӯ тани сиҳат надодааст, ки дар ягон ҷо кор карда, бачаҳояшро бе миннати дигарон хӯронаду пӯшонад. Вай ба буғумдард гирифтор аст ва се соли охир бо гадоӣ ва кумаки мардум ду кӯдакашро мехӯронаду мепӯшонад. Ин зани аз зиндагӣ наосуда чи хел бемор ва сарсону саргардон шуданашро бо мо чунин қисса кард:
-Ман аслан аз 9 клометрии шаҳри Душанбе ҳастам.
Аз шавҳари якумам бо як писарча ҷудо шудам. Азбаски аз мушту лагади шавҳар ва хушунати оилавию азобҳои рӯҳӣ хаста шуда будам, пеши худ мақсад гузоштам, ки дигар шавҳар накарда, худам кор карда, фарзанди ягонаамро бо нони ҳалол калон мекунам, вале мардум дар ҳаққам ҳал хел тӯҳфатҳо бофтан гирифтанд. Бадбахтона, баъзе тоҷикони мо як одати бад доранд, ҳамин ки зан аз шавҳараш талоқ гирифта, номи бевагиро гирифт, дониставу надониста дар борааш ҳар чизи аз даҳонашон баромадаро гуфтан мегиранд, тӯҳмат мекунанд, бероҳа мехонанд, кӯшиш мекунанд, ки номи он зани бечорарро сиёҳ кунанд. Хулоса, бева, ки шудӣ, тамоми, дигар як зарра обрӯ надорӣ! Тақдири ман ҳам чунин шуд ва аз тӯҳмати мардум ба ҷон расида, ночор дубора шавҳар кардам. Аниқтараш пайвандон маҷбурам карданд, ки ба шавҳар бароям.
Бахти дуюм-дарди сар
Ҳамин тавр соли 2017 ба Носир ном марди қурғанӣ ба шавҳар баромадам ва писарчаи 7 солаам Рамазонро гирифта ба хонаи шавҳари навам рафтам. Баъди сари падару модарам ман дигар дар хонаи падарӣ намеғунҷидам ва умед доштам, ки шавҳар карда, рӯзу рӯзгори хуш мебинам, вале аз зери борон гурехта ба таги новадон афтодам. Носир маро ҳамроҳаш ба шаҳри Екатеренберги Федератсия Рассия бурд. Он ҷо дар як вагони оҳанӣ зиндагӣ мекардем ва дар гармою сармо карам пӯст карда, як бурда нон меётем. Аз субҳи солеҳон то нимаҳои шаб корд дар даст ҷойҳои пӯсидаи карамро бурида партофта, карам сетка мезадем. Азбаски табиати Русия худаш сард ва бар замми ин, вагони зиндагӣ мекардаамон бениҳоят хунук буд, маро сармо зада ба ревматизм ва полиартрит гирифтор шудам.
Духтурон “мемурад” гуфтанду...
Духтарчаам дар батнам семоҳа буд, ки варам кардам. Вақте бе беморхонаи шаҳри Екатеренбург барои УЗӢ кардан рафтем, духтурон ҳолати маро дида ба даҳшат афтоданд ва баъди гузаронидани ташхисҳои зарурӣ ба хулосае омаданд, ки бо ин аҳвол ман то таваллуди кӯдак намерасам ё баъди таваллуд кардан фалаҷ шуда мемонам. Онҳо гуфтанд, ки варам кардани зани ҳомила басо хатарнок аст, ҳам барои худаш ва ҳам барои кӯдак, барои ҳамин бояд ҷиддӣ аз паси табобат шавед. Шавҳарам ба ҷойи дилбардорӣ кардани мани бемор, ки дар батнам фарзанди ӯро доштам, ба нолиш даромада гуфт, ки агар медонистам, ки ту маъюб мешавӣ, як рӯз ҳам туро зан намекардам. Ба ҳамин монанд боз суханони нешдори зиёдро зад, ки аз мағзи устухонам гузаштанд. Ман, ки дар мусофирӣ ранҷу азоб мекашидам ба ғайр гиря кардан коре аз дастам намеомад. Дидам, ки аз шавҳарам ягон умед нест ва ин мард аслан маро табобат карданӣ нест, аҳволамро ба занҳои ҳамкорам гуфтам. Онҳо аз дилсӯзӣ ҳар кадом ба қадри тавони худ пул партофта, 50 ҳазор рублӣ русӣ ҷамъ карданд ва гуфтанд, ки аз ин мардак ба ту ягон некӣ намерасад, ҳоло, ки пойи равон дорӣ, роҳи зиндагиатро ёб. Онҳо гаштаву баргашта таъкид мекаранд, ки ту ҳанӯз аз по намондаӣ, бо пойи худат меградӣ ва бар замми ин кор мекунӣ, шавҳарат, ки ин қадар малолӣ карда аз никоҳаш бо ту пушаймон шуда бошад, табиист, ки баъди пойбанди бистари беморӣ шуданат ҷавобатро медиҳад, аммо мани содадил “дубора ҳам аз бахтам намонам” гуфта, ба хулосае омадам, ки ҳарчи шаваду нашавад, тоқат карда бо Носир зиндагиро идома медиҳам.
Ба ҷойи пул талоқ!
Ростӣ, умед доштам, ки меваи сабр ширин аст, аммо сабри ман меваи талх ба бор овар. “Бо ин ҳолат ту дар мулки ғарибӣ сахт азоб мекашӣ. Беҳтараш ба Ватан баргард. Ман дар давоми ду рӯз пул мефиристам, табобат гир ва сиҳат шуда, ҳамон ҷо таваллуд кун” гӯён, Носир маро гусел карданӣ шуд. Ба лафзи мардонаи шавҳарам бовар карда ман ба вилояти Суғд баргаштам ва ба апаам Дилбар, ки дар як вагони кӯҳна умр ба сар мебурд ва зиндагии аз ман бадтар дошт, занг зада, аз фурудгоҳ рост ба кулбаи ӯ рафтам. Шавҳарам ба ҷойи пул равон кардам, занг зада талоқамро дод ва умедам аз ҳама канда шуд.
Малика чи тавр гадо шуд?
Барои мани ҳомиладор ва бар замми ин бемор дар вагон зистан бисёр душвор буд, барои ҳамин кофта-кофта аз шаҳри Қайроққум як иҷорахона ёфтам. Ҳар моҳ 500 сомонӣ иҷорапулӣ медодам. Ба куҷое, ки коркобӣ наравам, шиками дамида ва дасту пойи варамкардаву ранги заҳирамро дида мегуфтанд, ки шумо бо ин аҳвол кор карда наметавонад. Маҷбур шудам, ки гадоӣ карда, пули иҷорахонаро ҷамъ кунам, то ки соҳиби хона маро аз дар берун насозад. Ман асосан дар нази масҷид гадоӣ мекардам. Баъзеҳо дилашон сӯхта мегуфтанд, ки бо ин дасту пои варамида шумо базӯр роҳ мегардед, барои як сум ним сум пул шуда дар кӯча нашинед, ҳолатон бадтар мешавад, вале ман чораи дигар надоштам, чунки рӯзам аз пушти масҷид ва гадоӣ мегузашт.
Мардакчаи 12-сола
Малика нақлашро бо оби дида идома дода мегӯяд:
Билохира, кор ба ҷое расид, ки дигар пули иҷора дода натавонистам ва маро аз он иҷорахона берун карданд. Пас аз сарсонию саргардониҳои зиёд ҳамин кулбаи фарсударо ёфтам, ки на ошхона дорад, на ҳамммому ҳоҷатхона, вале барои ҳамин вайрона ҳам худоро сад бор шукр гуфта, ҳар моҳ 200 сомонӣ ба соҳибаш медиҳам. Писарам-Рамазон 12 сола шудааст. Кӯдак бошад ҳам бори гарони зиндагиро бар дӯш дорад. Баъди дарс мошиншӯйи меравад. (Автомойка). Гоҳ 10 сомонӣ гоҳ 20 сомонӣ меорад. Ҳамин маблағи ночизро тин ба тин ҷамъ карда, ҷамъ карда, пули иҷораро месупорем ва каму беш хӯрока мехарем, ки аз гуруснагӣ намирем.
На нишаста метавонаму на хеста, вале...
Малика бо дарду алам мегӯяд: “шинам мустақила хеста наметавонам, хезам нишаста, мисли тахта шах мешавам. Гоҳо дасту поям чунон беҷон мешавад, ки хаёл мекунам ҳаимн замон ё замони дигар мемирам. Базӯр бо кӯмаки апам ва писарам меҷунбам...”
Вақте пурсидем, ки барои чи нафақаи маъюбӣ намегирад, Малика Ҳаётова оҳи сард кашида гуфт:
-Ба духтарон мурҷиат кардам ва онҳо ҳоли маро диданд. Медонанд, ки дарди тарбод дорам, аммо барои гирифтани гурӯҳи маъюбӣ бояд 10 рӯз аз ҳисоби худам дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ мешудаам. Худатон бо чашми сар дида истодаед, ки ман ҳатто нони хӯрдан надорам ва бо гадоӣ рӯз мебарам. Бо кадом шароит 10- рӯз рафта дар беморхона мехобам?!
Дар кулбаи Малика ягон шароит нест, на ошхона дораду на ҳоҷатхона, вақте пурсидем, ки чи хел хӯрок мепазанд ва дар куҷо ҳаммому ҳоҷат мекунанд, зан бо садои дардолуда гуфт:
-Хӯрокро дар плита дар ҳамин хона мепазем. Барои ҳамом кардан ба хонаи ягон ҳамсоя рафта илтимос мекунем, агар иҷозат диҳад, ҳамом мекунем, надиҳад не!
Модар бемору ятимакони бо чашми чор
Хулоса, зиндагии Маликаи бемор ва соҳиби ду фарзани ятими ноболиғ бисёр вазнин ва метавон гуфт ваҳим аст. Маконе, ки онҳо умр ба сар мебаранд, қариб беодам ва сагҳои дайду дар ин минтақа хеле зиёданд. Тавассур кунед, соати 1-2 шаб ҳам барои ҳоҷат онҳо маҷбуранд аз кулбаи вайронаашон берун раванд. Атроф, ки мисли саҳро чор тарафаш кушода аст, сагҳо ва дигар ҳайвонот аз сабаби зиёд будани партовҳо ин ҷоро макон кардаанд. Табиист, ки ин барои зани бемор ва ду кӯдаки ятимаш бехатар нест.
Хуб мешуд, ки масъулини бахши тандурустии Вилояти Суғд барои гурӯҳи маъюбӣ гирифтани Малика ва масъулини ҳукумати шаҳр барои ҳадди ақал то баҳор бо иҷораи ройгон таъмин кардани ин зани танҳо дасти мадад дароз мекарданд, охир беҳуда нагуфтаанд:
Бани одам аъзои якдигаанд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор!
Шахсоне, ки ба Малика ва фарзандони ятимаш дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба тақамҳои зерин занг зананд: ( 92)-299-38-99
Фарзона Муродӣ