arzon replenishment
Малика аз ҷогаҳи шавҳараш ба ман sms менависад
09.10.2019
Файзалӣ
5133

Бо Малика ном духтараки деҳотӣ тариқи телефон шинос шудам.

Ҳусни ҷамоли гулӯсӯзаш маро ончунон ошиқи шайдои ин духтар гардонд, ки ӯро ҳатто ба сояи худам рашк мекардам. Шабе Малика занг зада гуфт, ки ӯро ба писаир холааш ба шавҳар доданианд, агар дилу нияти ҷиддӣ дошта бошам, зудтар ба хонаашон хостгор фиристам. Маликаҷон, камтараки дигар тоқат кун, ҳамин, ки акаамро хонадор кардем, албатта хостгор мефиристам ва туро бо тӯю тамошо арӯс карда меорам гуфта, вазъиятро фҳмондам. Малика дар ҷавоб чизе нагуфта, телефонро хомӯш кард. Аз байн чанд рӯз гузашту вай даъватномаи тӯяшро оварда, маро ба зазми арӯсиаш таклиф кард. Азбаски зиёд дӯсташ медоштам, дар чашмонам ашк ҳалқа зад, аммо худро мард гирифта, барояш бахти сафед орзу намудам. Малика ҳам гиря карда, қасам хӯрд, ки маро ҳаргиз фармӯш намекунад ва талаб намуд. Ки ман ҳам чунин савганд ёд кунам. Оқибати корро андеша накарда, қасам хӯрдам.
Ҳамин тавр Малика ба писари холааш ба шавҳар баромад, ман бошам, як сол пас бо духтари дигаре шинос шуда, аҳду паймони муҳаббат бастам. Волидонам аллакай ба хонаи он духтар хостгорӣ рафтанд ва бояд ба наздикӣ тӯй шавем, аммо Малика маро то ҳол ба ҳоли худам намегузорад. Вай ҳар шаб ба ман занг зада, дар бораи ишқу муҳаббат қисса мехонад. Чанд бор гуфам, ки ту акнун зани шавҳардор ҳастӣ, ин фикрҳои беҳударо аз сарат дур карда, аз паси зиндагиат шав, аммо ӯ маро шунидану фаҳмидан намехоҳад.

Тӯй бошукӯҳ гузашт, вале таги дилам ким-чихел сиёҳӣ оварда аз сар задани ягон нохушӣ дарак медод.

U5mdoiKMLSeUKTDczsoqLfhoWS2XENI0MF9Bp5Vs

Ин зани нотарс дар канри писари холааш хобида, аз ҷогаҳи шавҳараш ба ман СМСҳои ошиқона менависад. Метарсам, ки ягон рӯз шавҳараш бохабар шуда, Малика хонавайрону ман таънасори хешу табор мешавам. Илтимос, маслиҳат диҳед, бо ин зани дилбохта чӣ кор кунам?
Файзалӣ, аз маҳаллаи 46

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Дилором 2019-10-09, 13:50
Симкарти телефонатро иваз намоед бекалла
Посух
Хамватан 2019-10-09, 14:14
Бародар агар дар хакикат мард боши ва ё нангу номуси марди дошта боши, харчанд ки он зан кутохаклам бошад бояд аз у алокаатро кани. Он зан дар хакикат беакл аст, ки ин корро мекунад. Аз суханхоят маълум аст, ки намехохи зиндагии у вайрон шаваду худат шармсор. Бовар кун агар шавхари он зан муносибати Шуморо фахмад дархол чавобашро медихад. Лекин дар он вакт дигар хеч чизро ба кафо баргардонида намешавад. Холо вакт аст, андеша кун.
Посух
СУННАТТУЛЛОҲ 2019-10-09, 14:15
Рақами телефонатонро иваз кунед. Рақамашро дар рӯйхати сиёҳ (черный список)-и телефонатон ҷой кунед. Қасам хӯрда, номаъқул кардед. Ҳоло, ки соҳиби ҳамсаред ва ӯ соҳиби шавҳар ба зиндагии худатон расед. Намоз хонед ва дар ҳаққи худу ҳамсаратон ва наздиконатон дуъо кунед... дар ҳаққи ӯ низ, то Худо ҳидояташ фармояд ва фаҳмад, ки зиндагияш ва хушбахтиву дунёву охираташ бо шавҳараш ва дар ризоияти шавҳараш аст... дуъо кунед, ки Худо шуморо аз дилаш берун кунад ва муҳаббати шавҳарашро дар қалбаш ҷо диҳад... имони комилу тавфиқ ва тақвою иффат ва шарму ҳаё барояш талаб кунед аз даргоҳи Холиқ! Ақле, ки Худо додааст бароятон истифода баред... Худо накарда чунин ҳолате, ки ба сари шавҳари ӯ омадааст, ба сари шумо ояд, чӣ эҳсосе хоҳед дошт... Худо паноҳ диҳад ва ҳамагонамонро ба роҳи рост ҳидоят фармояд.
Посух
Фирдавс 2019-10-09, 15:13
Да смсхояш чавоб натиед да зангхояшам чавоб натиед охиста охиста канда мешавад ай щумо аз хама кори осон номероша заблакрвать кунед на зангаш миеяд на смс ичада хутам гунох дори ки катиш гар мезанед тамоман хутона канда кунед
Посух
Фордавс 2019-10-09, 18:07
Бародар и кори хело осон аст.Ба смс Чавоб Нате охиста охиста фаромуш мекна ту чавобш мети вай менависад.кушиш бкн кати янгаи номзадт мухабата зиед кн вай фаромуш мешава фаромуш ки шид дигар ба зангош и смс Чавоб намети и все.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД