Formula september
Мактабҳои Россия пур аз кӯдакони муҳоҷир шудаанд
687

Як гурӯҳ депутатҳои рус бо сарварии яке аз фаъолони ЛДПР Леонид Слутский ба Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонуни наверо пешниҳод кардаанд, ки минбаъд бо худ ба Русия овардани аҳли оилаашонро ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ мекунад. Депутатҳои дигари Дума низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намудаанд.

Аз ҷумла Раиси кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо ветеранҳо Ярослав Нилов дар суҳбат бо NEWS.ru лоиҳаи пешниҳодкардаи ЛДПР-ро ҷонибдорӣ намуда, гуфтааст: “Россия бояд нисбат ба аҳли оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои қатъӣ андешад”.

Нилов бар он назар аст, ки ҳамроҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия омадани зану фарзандонашон барои иқтисодиёти ин кишвар мушкилоти зиёдеро ба миён меорад.

“Зану фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ сарбории зиёдатӣ мебошанд ва ҳарчи зудтар аз ин сарборӣ халос шудан лозим аст”,- таъкид кардааст Ярослав Нилов.

Ин сиёсатмадори рус мегӯяд, кор ба ҷое расидааст, ки дар аксари шаҳрҳои калони Россия дар мактабҳо аз кӯдакони рус дида, кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ бештар шудаанд. Ба ақидаи Нилов, ин ба сатҳи таълим ва тарбияи насли наврас дар мактаб таъсири манфӣ мерасонад, зеро аксари кӯдакони муҳоҷир забони русиро хуб намедонанд ва дар азхудкунии барномаи дарсӣ душворӣ мекашанд. Муаллимонро лозим меояд, ки бо кӯдакони муҳоҷир бештар кор карда, қисми зиёди вақти таълимиро сарфи шогирдони хориҷии худ созанд. Албатта ин бар зарари кӯдакони рус аст, аз рӯйи кӯдакони муҳоҷир онҳо аз барномаи дарсӣ қафо мемонанд.

Худи муаллифи лоиҳа Леонид Слутский зимни суҳбат бо РИА “Новости” гуфтааст: “Аҳли оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия бо забони худашон гуфтугӯ намуда, ба фарҳанг ва маданияти мардуми маҳаллӣ эҳтиром намегузоранд. Бештари вақт оилаҳои муҳоҷирон аз супурдани ҳақи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ саркашӣ мекунанд ва дар натиҷа қарзи зиёде аз худ боқӣ мегузоранд, ки дигарон бояд онро пардохт намоянд. Манъ кардани бо худ ба Русия овардани аҳли оилаашон ба муҳоҷирон чунин мушкилиҳоро аз байн мебарад. Муҳоҷир бояд худаш танҳо омада, кор кунад ва боз ба ватанаш баргардад. Аҳли оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бояд муҳоҷирро дар хонаи худ дар ватанашон интизор шаванд”.

Шикоятҳои мардуми маҳаллӣ аз рафтору кордори аҳли оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ вақтҳои охир дар Россия хеле зиёд шудаанд. Аз ҷумла зимни як назарпурсӣ беш аз 53%-и муаллимони мактабҳои миёнаи Россия аз паст будани сатҳи забондонии кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шикоят карда буданд. Сокинони маҳаллӣ аз одобу рафтори кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ низ тез-тез шикоят намуда, мегӯянд фарзандони муҳоҷирон аксар вақт дар кӯчаву хиёбон бе назорат мегарданд ва даст ба авбошӣ зада, натанҳо кӯдакони дигар, балки баъзан ҳатто калонсолонро озор медиҳанд. Ин арзу шикоят оқибат ба он оварда расонданд, ки Россия мехоҳад бо худ овардани аҳли оиларо ба муҳоҷирон қонунан манъ намояд.

Муаллифони лоиҳаи қонуни нав мегӯянд, гап дар бораи муҳоҷирони меҳнатие меравад, ки сатҳи тахассусашон чандон баланд нест ва дар асоси патент ё қарордод кор карда, бартарии дигари ҳуқуқӣ надоранд, яъне шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул накардаанд ё махсус барои кор даъват нашудаанд. Ба мутахассисони баландихтисос, ки барои кор дар ин ё он соҳа ба Русия даъват шудаанд, қонуни нав дахл надорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Дума лоиҳаро мепазарад ё не, вале дар сурати ба ҷонибдории он овоз додани аксари депутатҳои рус ва қабул шудани қонун минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳрҳои гуногуни Россия бо патент ва шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, наметавонанд аҳли оилаашон, яъне зану фарзанд, падару модар ё хоҳару бародаронашонро ба Русия баранд ё ба меҳмонӣ даъват намоянд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД