arzon replenishment
Мактаббачаҳои тоҷик соҳиби 18 медал гаштанд
696

 

Мактаббачаҳои тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми Авруосиёӣ аз фанни информатика ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, соҳиби 18 медал гаштанд. Тавре ки Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, хонандагони тоҷик дар ин олимпиада 3 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Олимпиада рӯзҳои 13-14 декабри соли равон дар Қазоқистон доир гашта, дар он хонандагони фаъол аз мактабҳои гуногуни кишварҳои аъзои Созишномаи ҳамкории Шанхай ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин олимпиада 30 нафар хонандагони фаъол намояндагӣ карда, 18 медал ба даст овардаанд.

Дар даври финалии озмун 77 тим ширкат доштанд, ки ба ҳайъати ин командаҳо  231 нафар толибилмон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия шомил буданд.

Ҳадафи баргузории олимпиадаи мазкур  рушд додани дониш ва фаҳмиши хонандагон дар бахши технологияҳои информатсионӣ, барномасозии компютерӣ ва дарёфти хонандагони боистеъдод  мебошад. Натиҷаҳои ба даст овардаи хонандагони тоҷик аз сатҳи баланди дониш ва фаҳмиши онҳо дар ин соҳа дарак медиҳад.


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД