Дуздию ғоратгарӣ амали нангинест, ки аз костагии ахлоқ, гум шудани ҳисси раҳму шафқат ва ғурури инсонии афроди ба ғоратгарӣ хӯ гирифта дарак медиҳад.
Мутаасифона, дар байни дуздон кӯдакону ноблиғон низ ҳастанд ва дар сурати пешгирӣ накардани ин амали нангин, ин роҳи каҷ метавонад насли наврасро ба ботлоқи хатову гуноҳ тела дода, боиси минбаъд ба ҷиноятҳи вазнинтар даст задани эшон гардад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз содир шудани як ҷинояти дуздӣ аз ҷониби мактаббачаҳо дар шаҳри Ҳисор хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, як зани 69-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки аз моҳи январ то апрели соли равон як бачаи ноболиғи 13-сола аз набудани соҳибхона истифода бурда, ҳамроҳи ду ҳамсинфаш манзили ӯро ғорат мекардаанд.
Ноболиғон 25000 сомонӣ ва 14 ҳазру 500 рубли русиро ба яғмо бурда, ба пиразан зарари калони молиявӣ расонидаанд. Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.