Музофоти Гуйчжоуи Чин яке аз музофотҳои нодортарини кишвар буда, дар он ҷо сокинон аксар вақт ғизои дуруст намехӯранд ва ҳатто наметавонанд, ки ба худ пойафзоли изофӣ харанд.
Ба ин нигоҳ накарда, сокинони музофот тавонистанд, ки ба фарзандони худ таълимгоҳе бунёд намоянд. Бошандагони музофот тасмим гирифтанд, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муассисаи таълимӣ созанд.
Онҳо ғореро ба сифати бинои таълимгоҳ интихоб намуда, дар он шароити таълимро фароҳам оварданд ва ин мактаб аз соли 1984 то соли 2011 фаъолият кард. Дар таълимгоҳ 8 омӯзгор фаъолият карда, дар 27 сол ба садҳо кӯдакон таълим додаанд.