Соли 2011 дар Норвегия мактаб барои як хонанда фаъолият мебурд. Толибилми мактаби мазкур бо номи Андрин дар деҳае, ки 18 нафар аҳолӣ дошт, хонандаи ягона буд.
Барои он ки Андрин имкони дар наздикии хона таҳсил карданро дошта бошад, сокинон дар якҷоягӣ барои хонандаи деҳаи худ мактаб сохтанд.
Андрин синфи ибтидоиро дар ҳамин муассиса хатм кард ва дар мактаби муқаррарии шаҳраки ҳамсоя таҳсилро идома дод.