arzon replenishment
Макри зани ҳамсоя (қисми 9)
27.10.2019
Р Холов
2599

(Давомаш)

Зани раис аз шунидани он, ки писараш ба шарофати хонадоршавиаш зиёфат оростааст, хурсанд шуд, вале ба ҳар ҳол таъкид кард:

-Арӯси навро танҳо монданат хуб нест, бачаҷон! Минбаъд ин коратро такрор накун, ки ҳам арӯсат хафа мешаваду ҳам холаат меранҷад. “Духтари хоҳаратон дар ду дунё ба ман лозим нест, вале шумо ба ҷону ҳолам намонда ӯро келин кардед. Акнун арӯси ёфтаатонро худатон шаб то саҳар оғӯш карда мехобед, очаҷон” аз дил гузаронд Комил, вале ҷуръати ин гапро ошкоро ба модараш гуфтан накарда, сар ба зер афканд.

Найрангҳои падару писар

Сайфуллою Аминахон қарор доданд, ки наберадор шуданашонро мешӯянд. Меҳмонҳо аллакай ба хонаҳояшон бар гашта буданд ва аз хона гурехтани раис акнун душвортар гашта буд, бинобар ин, барои ёфтани баҳонаи муносиб хеле фикр кард. Чанд соат майна об карда, ниҳоят ба ёдаш духтури шиносаш Нӯъмон Наим расид. Ин духтури номдорро ҳама аҳли хонаводаи Сайфулло хуб мешинохтанд, зеро дар чандин мушкилот ба додашон расида буд. Азбаски раис хешовандони занашро ҳам барои табобат ба назди Нӯъмон Наим мебурд, ҳамсараш ба ин духтур эҳтироми хоса дошт ва ҳеҷ гоҳ аз вай шубҳа намекард. Сайфулло қарибиҳои нисфирӯзӣ ба мошини хизматиаш нишаста ба бемористон рафт. Дар қабулгоҳи Нӯъмон Наим дардмандони зиёде навбат мепоиданд, вале котибаи мавзунқомат дарҳол раисро шинохта бе навбат ба назди табиб даровард. Нӯъмон Наим ба эҳтироми раис аз ҷояш бархост ва Сайфуллоро бародарвор ба оғӯш гирифта пурсид, ки бемораш кист.

-Бемор худам. Ба ғайри шумо касе ба дардам даво ёфта наметавонад,-маънидорона чашмак зад раис.

-Худо нигаҳ дорад! Шумо ба одами касал монанд нестед-ку, раис-ако, мабодо ба дарди ишқ гирифтор нашуда бошед,-ҳадс зад духтур, ки хислату хӯйи Сайфуллоро кайҳо медонист.

-Қурбони аҳли фаҳм шавам! Ҳамин дарди ишқ маро ба назди шумо овард-да!-Иқрор шуд раис ва афзуд:-Бо як зебосанам ду-се рӯз дар ягон осоишгоҳ дам гирифтанам лозим, вале чӣ хел аз доми янгаатон гурехтанамро намедонам.

-Ташвиш накашед, бегоҳ ман худам ба хонаатон рафта ин масъаларо ҳал мекунам,-ваъда дод Нӯъмон Наим.

Сайфулло ҳамчун арзи миннатдорӣ конвертеро ба дасти духтур доду шоду масрур баромада рафт.

 Базми дилдодаҳо

Дастаи пули аз конверти ҳадякардаи раис баромада дили Нӯъмон Наимиро гармтар кард ва худи ҳамон бегоҳ ба хонаи раис рафта бо воҳимаи зиёд ба дасташ роҳхати осоишгоҳро супурду таъкид кард, ки бо дарди дил бозӣ накарда, сари субҳ барои дамгирию табобат равад. Зани раис ба гапи ин духтур сад дар сад боварӣ дошт, бинобар ин, монеи ба истироҳатгоҳ рафтани шавҳараш нашуд.

Субҳи рӯзи дигар раис бо занаш гарм хайрухуш карда ба роҳ баромад. Дар хамгашти кӯча кайҳо қудо-маъшуқааш Сайфуллоро интизор буд. Аминахонро дар паҳлӯяш шинонда, раис бо табъи болида мошинро ҷониби осоишгоҳ ронд.

Зан не, роҳати ҷон

Зани раис бехабар аз найрангҳои шавҳараш дар хона нишаста, Худоро зорӣ мекард, ки мардакҷонашро шифои комилу оҷил бубахшад, Аминахону Сайфулло бошанд, дар ин вақт ҳамчун ҷуфти кабӯтарони ошиқ сармати висол буданд. Лаззати оғӯши ин занро чашида, раис худ ба худ дар дилаш мегуфт: “Чаро зани ман дар бистар Аминахон барин меҳрубонӣ карда наметавонад? Дили нохоҳам, бо ҳамон либосе, ки рӯзи дароз дар хона пӯшида мегардад ба ҷогаҳ медарояду лаҳзае нагузашта фаххосзанон хобаш мебарад. Мабодо бо зорию тавалло ӯро ба ишқварзӣ моил кунонам ҳам, мурда барин бе ҳиссу бе ҳаракат мехобаду халос. Занам чӣ будани кайфро ҳам аз афташ намедонад. Амина тамоман дигар аст. Қандаша занад, медонад, ки мардро чӣ хел навозиш кардан лозим, то ки ба ваҷд биёяд! Чунон корҳое мекунад, ки обу адо мешавӣ. Эҳ, кошкӣ дар вақташ ҳамин Аминабонуи таннозро ба занӣ мегирфтам...”


 

z1qxz77W8h9nGgwW9hhZkgO6qHXchFAi1ZZVeTmV

Беҳуда очаша бину духтараша гир» нагуфтаанд, шумо худатон аз ҳар нозанини танноз дилкаштар ҳастед, албатта, духтари чунин модар дили писари раисро мебарад-дия…

 


 Муштарӣ аз занги шумо безор аст

Садои занги телефони занаш Сайфуллои дар оғӯши зани бегона масту махмурро нороҳат кард. Дили нохоҳам телефони дастиашро бардошт. Ҳамсараш бо нозу ишва пурсид: “Мардакҷон, истироҳататон чӣ хел гузашта истодааст?! Чаро ҳашт-ҳашткунон нафас кашида истодаед?” Раис, ки аз шиддати шавқи шаҳвонӣ дар оғӯши маъшуқааш нафасгир шуда буд, баҳонаи дигар наёфта гуфт, ки ба кӯҳ баромада истодааст, барои ҳамин дамаш дарун зада, нафастанг мешавад. “Кӯҳҳои зебои сап-сафедро дида ин қадар болою поён набароед, мабодо аз хурсандӣ мурда намонед” неш зад занак, вале раис аз ин киноя чизе нафаҳмида, дарҳол ба сӯҳбат нуқта гузошт ва ваъда дод, ки бегоҳ занг мезанад. Гӯшакро хомӯш карда, нафаси осуда кашид ва боз дар канори маъшуқааш ёзида пичиррос зад: “Ғамхории ин занаки аҳмақ кайфа парронд-а?!” Аминахон табассуми ширини ишваолуде намуда масхараомез луқма партофт: “Бечора занак шуморо ёд кардааст-дия! Янгаро фаҳмидан мумкин, шумо барин марди боқувватро ягон зан аз даст додан намехоҳад! Шумо мард не, шери жаён ҳастед. Шери жаён!” Сайфулло аз таърифи ҳамсоязан курта-курта гӯшт гирифта, чолокона худро болои сайдаш гирифт ва шӯхиомез ба пешобағалаш дандон зада, таъкид кард: “Ин шери жаён ҳозир ин оҳуи зеборо пок-покиза мехурад!” Онҳо боз бо ҳамдигар даромехта, сармасти айши пургуноҳ оламу одамро аз ёд бурданд, бехабар аз он, ки балои азиме ба сарашон омада истодааст.  

“Агент”-и ғайри интизор

Ҳамон шабе, ки Дилбар дар таваллудхона писарча таваллуд кард, яке аз дугонаҳои наздики зани раис Мастурахони момодоя навбатдорӣ мекард. Бо мошин барои Дилбар таъомҳои лазиз овардани ҷавоне, ки чандин маротиба ҳамроҳи писари раис дида буд, ба дили ин зан тухми шубҳа кишт ва дар дил қарор дод муайян намояд, ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст. Бо мақсади фаҳмидани нимкосаи зери коса вай Дилбарро дар палатае хобонд, ки он ҷо яке аз шиносҳояш мехобид. Он ҷавонзани маккора либосҳои барои тифлаки навзодашон овардаи шавҳари Дилбарро таърифу тавсифи зиёде намуда, гӯё дар омади гап чикора буданашро пурсид. Дилбари аз ранҷи ҳангоми таваллуд кардан кашидааш пурра ба худ наомада ҳанӯз саргаранг буд ва худаш ҳам нафаҳмида монд, ки чи тавр кӣ будани падари фарзандашро ба зани ношинос лаққида монд. Ҷавонзан писари раисро нашиносад ҳам, худи ҳамон рӯз тамоми гуфтаҳои Дилбарро ба Мастурахон расонд. Ҳуш аз сари момодоя парида бошад ҳам, лаб газиду сир бой надода, ҷавонзани ошнояшро гусел намуд.

Қасд кардагӣ барин, рӯзи дигар вақти аз кор ба хона баргаштан Мастурахон шоҳиди ба мошини раис нишастани Аминахон гашт. Аввал гумон кард, ки қудоҳо ба таваллудхона наберабинӣ рафтанианд, вале баробари ба мошин нишастан Аминахон ба Сайфулло бӯсаи ширине туҳфа намуда дар дили Мастура бо ин кораш оташ афканд. Раису маъшуқааш саргарми сӯҳбати ширин ҳатто пайхас намекарданд, ки як ҷуфт чашми ошно бо диққат ба онҳо менигарад, Мастура бошад, манзараи сӯҳбати ширини шаввҳари дугонаашро бо ҳамсоязан тамошокунон аз дил мегузаронд: “Маълум мешавад, ки ин очаю духтари маккора бечора зани раису келинашро аҳмақ карда гаштаанд. Аминахони танноз духтарашро бо ҳиллаю найранг ба сари Комил бор карда, акнун ба фикрам худаш зани Сайфуллои номдору давлатманд шуданист. Ҳоло истед, тамоми сирру асроратонро фош карда, рӯйи шумоён очаю духтари тарпочаро дар байни мардуми тамоми маҳалла сиёҳ накунам, номам Мастура не!”

 (Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Р. Холов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД