Дилам ба ҳоли зори Тутинисо сўхт. Рўзи дигар модарам омаду бо дидани хеши дураш хурсанд шуд. Бо хоҳиши модарам меҳмон чор-панҷ рўз дар хонаи мо монд, рафта писари сарбозашро хабар гирифта меомад.
Пас аз меҳмонӣ Тутинисоро бо тўҳфаҳои зиёд гусел карда, ваъда додам, ки ба Умарҷон мегўям, дар сохтмони хонааш ба ӯ кӯмак мерасонад. Тобистони ҳамон сол ба деҳа рафтему Тутинисо, ки чанд бори дигар меҳмонам шуда буд, моро ба хонааш меҳмонӣ талабид. Гумон доштам, ки хонаҳои оддисохти деҳотӣ дорад, вале… Хонаҳои Тутинисо якошёна бошанд ҳам, бо тамоми шароит сохта шуда буданду ниҳоят тозаю озода ва хушҷиҳоз буданд. Дар дастархонаш ба гуфтае шири мурғ ҳам ёфт мешуд. Чун модарам ӯро муборакбодӣ кард, Тутинисо суп-сурх шуда гуфт:
- Аммаҷон, бародаронаму апаҳоям ёрӣ расонданд, хишти хонаро Умарҷон дод, боз писарам аз аскарӣ баргашта, дастгириям намуд… Дар дилам гуфтам, ки “хайрият, бечора занак зиндагияшро ба сомон овардааст”. Чун пешин фаро расид, хостам намозамонро хонем, духтари Тутинисо моро ба хонае ҳидоят намуд, ки ду ҷойнамоз андохта шуда буд. Аз тарзи ороиш ва рахти қимматбаҳои хоб маълум буд, ки хонаи хоб аст. Баъди хондани намоз модарам ба кат ишора карда гуфт:
- Тутинисо шавҳар кардааст чӣ бало? -Ман китф дарҳам кашидам. Тутинисо сад бор садқаю балогардони мо шуда, маро дар сари дастархонаш хоҳари қиёматӣ хонд, вале ҳар гоҳе сухан дар бораи шавҳарам мерафт, сарашро хам карда, суп-сурх мешуд. Ду моҳи дароз аз манзараҳои зебои деҳа дидан кардаву аз ҳавои он нафас кашида, истироҳат кардем. Тутинисо қариб ҳар рўз хӯрдании лазизе пухта, бо дасти духтараш ба мо мефиристод ё худаш меомад. Фарзандонамон ҳам ба ҳамдигар унс гирифта, меҳрубон шуданд. Аз хешони модарам кампираке низ зуд –зуд назди модарам меомад ва зиёд сўҳбат карда мерафт. Ман низ бо онҳо менишастам. Як шом модарам момаи Шарифамоҳро рафтанӣ намонда гуфт:
- Хола, ду- се рўз баъд мо меравем, имшаб бо мо шинед, ҳамун ғавғои набераҳо гурехта намеравад. Ҳозир Тутинисо оши бурида равон мекунад…
Ҳамин вақти пиразан ба ман дуру дароз нигоҳ карда, пичиррос зад:
- Бачам, Тутинисо ҳам аз хешони худамон аст, аммо аз ў эҳтиёт бош. Байни мардум ҳар гуна гапҳо паҳн шудааст, мегўянд Умарҷон ўро зани дуюм карда гирифтааст. Хонааш сохт, худашу писарашро ба кор гирифт, барои духтаронаш мошинаҳои қимматбаҳои дарздўзӣ харид… Ман баланд хандида гуфтам:
- Момаҷон, Тутинисо як зани калонсолу бар заммин ин хешамон аст, наход мардуми қишлоқ шарм надошта, ҳамин хел овоза бароранд, э айбе…
Кампири Шарифамоҳ бо докаи барф барин сафедаш даҳони бедандонашро пўшонида афзуд:
- Хайр боз худат медонӣ, бачам…
Он рўз худи Тутинисо оши борикашро бардошта омаду хеле шишта баъд рафт, мо баъди чанд рўз ба шаҳр баргаштему «хушхабар»-и момаи Шарифамоҳ аз ёдам рафт, аммо…
Оҳиста-оҳиста шавҳарам тағйир ёфтан гирифт, ў акнун моҳҳо ба деҳа рафта гум мешуд, шабона умуман телефонашро намебардошт, танҳо рўзона бо сўҳбатҳои кўтоҳ иктифо мекард. Диламро сагон тала мекарданду гапи кампири Шарифа бехи гўшҳоям садо медоданд. Аммо ҳеҷ бовар намекардам, ки Умарҷон мани соҳибҷамолро бо Тутинисои сиёҳи лоғарандом иваз намояд. Пас аз як моҳи гумшуданҳо шабе шавҳарам пайдо шуд ва ман бори аввал ба пешвозаш набаромадам, ў худаш ба хона наздам даромада, бо ташвиш пурсид:
- Аҳволат хуб аст? Чаро наздам намебароӣ?
Ман низ кафидаму бо гиря гуфтам:
- Ту зан гирифтаӣ? Чаро ин қадар бемеҳр шудаӣ? Чаро шаб занг занам, телефонатро намебардорӣ? Ё аз кампири қоқи сиёҳат метарсӣ? Ту чӣ хел маро бо ҳамин шабушкин иваз кардӣ?!
Боварӣ доштам, ки Умарҷон бо ҳайрат маро ором мекунаду мегўяд, ки ҳама гумонҳоят ботил аст, вале ў маро дар ҳолати шок монда гуфт:
- Анора, ман туро зиёд дўст медорам. Медонам, ки Тутинисо дар ҳусну ҷамол ба нохуни ту намеразад, вале ў ишқи аввалини ман аст ва ман бадбахтии ўро дида натавонистам…
Дигар ёд надорам, ки чӣ шуду чӣ монд, чун бедор шудам, болои сарам модарам бо чашмони гирён меистод. Бар асари баланд шудани фишорам ду рўз беҳушу ёд хобидаам…. Аммо ин ҳама Умарҷонро натарсонд ва ман низ дигар ба хотири фарзандонам чизе нагуфтам. Охир, духтарам арӯсӣ шудаю писарам донишҷў аст, дутои дигар низ синфи ёздаҳу даҳ мехонанд. Ман ба хотири як кампири кӯрнамак фарзандонамро дилшикаста кунам?! Боре аз Умарҷон пурсидам, ки “Тутинисо чӣ хел ишқи аввали туст, ки пир метобад?” Ў дар ҷавоб гуфт, “ман дар синфи ҳашт мехондаму Тутинисо дар синфи даҳум, ман ба ў девонавор ошиқ будам, аммо мо ба пойтахт кўчидему дигар аз тақдираш бехабар мондам. Ў Ҳамагӣ аз ман ду сол калон аст, аммо ноомади бахт пираш кардааст”.
Имрўз фарзандонам ҳамроҳи падарашон ба деҳа мераванд Тутинисо дили онҳоро ёфтаасту онҳо очаҷонаш мегўянд, шавҳарам мегўяд, ки тамоми сарвату давлатам аз они туву фарзандонат ҳастанд. Ба ту сад медиҳаму ба Тутинисо як, вале дилам аз ў мондааст. Ду сол боз ба бистарам роҳаш намедиҳам, бисёр вақтҳо пеши поям афтида, зорӣ мекунад, аммо гумон мекунам ў хўроки пасмондаи бадбўй аст, дилам намекашад. Ин кампири шавҳардузд низ ба ман коре надорад, вале ман аз як чиз дар тааҷҷубам, аз ман чӣ айб гузашт, ки шавҳарам майл ба зани бегона кард? Боз як зани дар ҳусну малоҳат сад маротиба аз ман поин? Ё гап дар сари ишқи аввал рост бошад?!
АНОРА
Таснифи Рухсора САИД