-Писарам ту таги гапро нафахмида маро таъна мекуни? Магар намедони, ки бо тухмат бибиат маро аз падарат чудо кард?-гуфт Лайло ва хост бори дигар хақиқатро ба писараш фаҳмонад, вале фарзанди нохалаф ба гапҳои модар гӯш накарда, даст афшонд.
Суханони нешдори писараш чунон ба дили Лайло сахт расид, ки асабхояш вайрон шуда, фишори хунаш баланд шуд. Вай сарашро дошта дар хараки назди бинои истикоматиашон нишаст.
Шахбоз ин холати модарро дида бошад хам, ба ӯ заррае дилаш насӯхта бо карру фар ба мошини 40 хазор доларааш нишасту муҳаррикро ба харакат даровардадар як лаҳза аз назар ғоиб гашт. Лайло сарашро дошта гиря мекард.
Ҳамсоязан аз китфонаш дошта ӯро ба хона даровард, аммо пеши чашмони Лайлоро сиёхӣ пахш карда, з хуш рафт. Ҳамсоязан пахтаеро дар нашотир тар карда ба теги биниаш дошт. Лайло як нафаси чукур кашиду чашмонашро охиста кушода, номи писарашро гирифт.
-Шахбози оча…кучои?
-Хамсоя чи шуд? Шахбозат савори мошини чипи бадвохима аз пеши хамаи мо бо шаст гузашта рафт. Ин мошини бадвохмаро аз кучо харидааст?
-Падараш тухфа кардааст.
-Охо муборак шавад! Бо шавхарат ошти карди чи?
-Не…писарам наздаш рафтааст.
-Хайр мон равад, ба хар хол падар падар аст.
-Медонам, аммо ба ин кадар азоб калон карданхоямба дилам месузад.
-Барои хамин гузаштагони мо мегуфтаанд, ки фарзандро хеч гох эрка накунед, ки окибаташ безеб аст.
-Фарзандони ман эрка нестанд, вале..
Ҳамин вақт Дилафруз аз дарс омад ва модарашро, ки саҳар сип-сиҳат буд, дар чунин ҳол дида ҳайрон шуд.
-Бародарат Шахбоз омада бо модарат чанчол карду ӯро касал карда баромада рафт-фаҳмонд ҳамсоязан ба Дилафруз.
-Бародарам? Барои чи вай шуморо озор дод оча?
-Хамааш хуб аст духтарам. Дар тамоми хонаводахо чангу ҷанҷли оилавӣ мешаваду боз мегузарад. Холо беакл аст акаат. Рӯзе худаш ҳақиқатро фаҳмида, пушаймон мешавад. Духтарчон, кӯмакам кун.
Дилафрӯз ба модараш валерианка дода ӯро ором карду пурсид:
-Очачон, чи гап шуд? Кани накл кунед, чаро Шаҳбоз шуморо хафа кард?
Баъди накли модараш Дилафрӯз ба ғазаб омада, раками мобилии акаашро гирифта ба ӯ занг зад:
-Ало, салом ака, хубед? Чаро модарамро ба ин хол партофта рафтед?
Ба назди падарам рафтед? Тавба, ин кадар сол вай боре моро суроғ накарду акнун ба ману ту падар шудааст? Далер хам бо шумо аст? Кани гӯширо ба Далер диҳед. Шуморо чи бало задааст,ки модарамро партофта ба хонаи падаратон рафтед?
Дилафрӯз баъди суҳбат бо акаҳояш сахт асабонӣ шуда, ба модараш рӯ оварда гуфт:
-Оча, боз шумо мегӯед, ки кошкӣ ту ҳам писар мешудӣ. Акнин фаҳмидед, ки духтар аз писар беҳтар будааст.
-Акаҳоят хатояшонро мефахманд, духтарам...
(Давом дорад)