Салом ба кулли хонандагони сомонаи Oila.tj!
Рафтори бераҳмонаи шахсе, ки ӯро мисли бародарам дониста, як умр хизматашро ба ҷо меовардам, мисли корд аз устухонам гузашта, маҷбурам кард, ки қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл кунам.
Дарди дили зани бефарзанд
Ман дар яке аз деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ мекунам. Ҳанӯз 18-сол доштам, ки волидонам маро ба шавҳар доданд. Аз рӯзҳои аввали ба хонадони шавҳарам қадам гузоштан бо ҷону дил хизмати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳарамро ба ҷо оварда, дуои некашонро мегирифтам. Аз чизе камбудӣ надоштем, вале нахли умри ман ҳеҷ бор намеовард, яъне ҳомила намешудам. Хушдоманам маро ба назди чандин табибони номдор бурда бошад ҳам, ягон мурод ҳосил нашуд. Ҳамин тавр аз байн даҳ сол гузашт, вале ману шавҳарам фарзанддор нашудем. Модарам дар пинҳонӣ маро насиҳат мекарданд, ки умрамро беҳуда нагузаронда, аз шавҳарам ҷудо шавам ва шавҳари дигар кунам, шояд бахтам хандида соҳиби фарзанд мешавам, аммо дилам нашуд, зеро шавҳарамро аз ҷонам бештар дӯст медоштам.
Авсунҳои меҳрубон
Мо ҳамроҳи хусуру хушдоманам ва бародари калонии шавҳарам дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекардем. Ману авсунам-ҳамсари додаршӯям чун апаву хоҳар бо ҳамдигар меҳрубон будем. Азбаски авсунам бемор буд, духтарчаи хурдсол ва писарчаи навзоди ӯро ман мисли фарзанди худам нигоҳубин мекардам. Худованд ба мо фарзанд надода бошад ҳам, бо кӯдакони додаршӯям овора шуда, ғами бефарзандии худро чандон эҳсос намекардам. Байни ман ва авсунам ҳеҷ гоҳ рашк ва ҳасаду бадбинӣ набуд, ҳамдигарро хеле дӯст медоштем, мисли фарзанди падар будем.
Эҳтиром
Он вақтҳо одамон ба ҳамдигар хеле меҳрубон буданд ва барои хонаву замину пулу мол талош намекарданд. Аз ҳамин хотир вақте ки хусурам замин гирифт, шавҳари ман “акаам аз ман калонтар аст, бигзор ба номи он кас шавад” гӯён, аз рӯйи эҳтиром маслиҳат дод, ки заминро ба номи бародараш ҳуҷҷат кунанд.
Ҳамин тавр падаршӯям заминро ба номи писари калониаш ҳуҷҷат кард ва бо пули шавҳари ман, ки кори сердаромад дошт, хонаи нави боҳашаммате сохтанд. Мо зану шавҳар барои ободонии хонаву дар тамоми кори аз дастамон меомадаро мекардем, аммо....
Янга ба ҷойи модар
Тавре ки пештар гуфтам, авсунам бемор буд ва оқибат бар асари касалии сил ва аз кор баромадани гурдаҳояш бо дили пурормон аз олам чашм пӯшид. Мани бефарзанд, ки аз рӯзҳои аввали ба ин хона қадам ниҳоданам фарзандони бародари шавҳарамро чун фарзандони худам қабул карда, нигоҳубин менамудам, баъди сари модарашон ба онҳо ба маънои томаш модар шуда, намегузоштам, ки ҳатто як лаҳза ҳам бемодариашонро ҳис кунанд. Додаршӯям бо айшу нӯши худаш машғул буд ва парвои духтару писарашро надошт, нигоҳубин ва тарбияи фарзандони ӯ ба пуррагӣ бар дӯши ману шавҳарам буд. Дертар хоҳари шавҳарам аз олам гузашт ва ман тарбияи 2 фарзанди ӯро низ бар дӯши худ гирифтам.
Давом дорад