Сайёҳии дохилӣ дар тамоми дунё самти муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардида, имрӯз Ҳукумати мамлакат барои муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат, вабаланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ тамоми неру ва захираҳоро истифода намуда истодааст.
Сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон доир ба имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас мерасонад.
Ноҳияи Варзоб аз наздиктарин ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе мебошад, ки барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори мукаммал фароҳам оварда шудааст.
Ноҳия дар асоси қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва туризм эълон гардидааст.
Дар ноҳия зиёда аз 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ-мавсимӣ буда, фаъолияти якчанд иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошанд.
Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароити муосид фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароит бо хизматрасониҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
Дар маҷмааи Сафеддараи ноҳияи Варзоб инфрасохтори муосир, хизматрасонӣ ва шароити муносибу ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Феълан ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат қарор гирифтааст.
Толорҳои гуногунҳаҷми конфронсӣ имкон медиҳанд, ки вохӯриву тренингҳо бо сатҳу сифати хуб баргузор карда шаванд. Дар чойхонаи он хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҷо барои фароғат роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, сноуборд, конкитозӣ барои кӯдакону калонсолон ва дигар шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Меҳмонхонаи сеситорагии маҷмаа аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.
Сафеддара ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад.
Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар кишвар ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.
Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.
Дар "Сафед-Дара"дар масофаи 2027 метр "Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ" сохта ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадом аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонанд ҷойгир шаванд.
Дар ин ҷо устодон ба тамоми хоҳишмандон лижарониро меомӯзанд. Омӯзиш барои ҳама комилан ройгон аст.
Дар қаламрави Сафеддара майдончаи ях мавҷуд аст. Мавсими лижаронӣ дар он то охири моҳи май идома ёбад.