Форти Бҳангар дар иёлати Раҷастони Ҳиндустон ҷойгир буда, харобаҳои асри ҳабдаҳро мемонад. Ҳиндуҳо аз ин ҷой метарсанд. Ба андешаи онҳо, дар қалъаи куҳна руҳи гузаштагон маскан гирифтаанд.
Ҳукумати кишвар низ, шаҳрро расман макони арвоҳҳо эълон карда, қоидаҳои қатъии зиёрати ин харобаҳоро ҷорӣ намудааст.
Шабона ба қалъа рафтани сайёҳон манъ аст. Сокинони маҳаллаҳои гирду атроф мегӯянд, ки он нотарсоне, ки қоидаро вайрон карда, шабона ба қалъа рафтаанд, то ҳол аз онҷо барнагаштаанд.