arzon replenishment
МАҲБАСЕ БО ҲУКМИ АҶИБ
825

 

Дар шаҳри Леобени Австрия маҳбасе ҳаст, ки бо тарҳи ҷолибаш на ба зиндон, балки ба офису биноҳои бароҳати хидматрасонӣ монанд аст.

Дар дохили муассисаи ислоҳӣ ошхона, китобхона, толори варзиш мавҷуд буда, дар ҳавлии зиндон тенниси рӯи миз гузоштаанд. Гузашта аз ин, барои маҳбусон барномаҳои консертӣ низ ташкил карда мешавад.

Бо чунин тарҳу шароит амал кардани зиндон аксар вақт мавриди норозигиву интиқоди шаҳрвандон гардидааст. Мунаққидон даъво мекунанд, ки ҷинояткорон набояд дар чунин шароит нигоҳдорӣ шаванд.

Вале посухи маъмурияти зиндон ба ҳама гуна иддаоҳо ин аст, ки муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бояд дар ислоҳу тарбияи муҷримон нақш гузорад ва арзишҳои инсониашонро ҳифз намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД