Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар ноҳияи Шаҳринав кушода ба истифода дода шуд.
Дар расми кушодашавӣ намояндаи Ҳукумати кишвар, намояндаи Фонди сандуқи рушди Шоҳигарии Арабистон ва намояндагони сафорати Арабистони Саудӣ, муовини Вазорати маориф ва илми кишвар, Раиси ноҳия ва дигар омӯзгорон ва толибилмон ширкат доранд.
Султан Абдураҳмон, намояндаи Фонди Сандуқ рушд дар суханронии хеш қайд кард, ки «Мактабе, ки имрӯз кушода шуд, дорои 36 синфхона ва 620 ҷойи дарсӣ буда, зимни марҳилаи чоруми лоиҳаи сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , бунёд гардидааст. Зимнан ёдовар мешавем, ки марҳилаи чоруми ин лоиҳа бунёди 34 мактабро дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар бар мегирад, ки ба раванди рушду шукуфоии иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар саҳм хоҳад гузошт»
Абдуллозода Зиёдулло муовини вазири маориф ва илми кишвар дар суханронии хеш аз дастгирии шарикони рушд изҳори минатдорӣ намуд ва дар ин самт дастгирӣ ёфтани соҳаи маорифро барои рушди таълим фолӣ нек номид.
Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави таълими аз 4 ошёна, 36 синфхона иборат буда, барои 620 толибилм пешбинӣ шуда, айни ҳол 606 толибилм таълим мегирад ва барли онҳо 43 омӯзгор таълим медиҳад.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.