sebiston july new
Либоси харидашударо баргардонидан мумкин аст?
05.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1058

Аз бозори “Корвон” либосеро харидорӣ намуда, ба хона овардаму он ба ман маъқул нашуд. Рӯзи дигар ба назди фурӯшандаи бозор рафта, хоҳиш ва ҳатто тавалло намудам, ки молашро гирифта, пуламро баргардонад, вале савдогар “моли фурӯхташуда баргардонида намешавад” гӯён, бо ман ҷангу ҷанҷол кард. Азбаски либосвориро бо нархи қиммат гирифта будам, хеле мехоҳам пуламро баргардонам. Ба куҷо бояд муроҷиат кунам?

НАРГИС, ш. Душанбе

Посух:

Дар асоси Қонуни ҶТ Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, фурӯшандаҳои бозор ё фурӯшгоҳҳо бояд сифати молу коло ва дигар ашёро кафолат диҳанд. Бояд донист, ки на танҳо моли сифаташ номуносиб баргардонида мешавад, балки моли сифаташ муносиб низ баргардонида мешавад. Аммо барои баргардонидани моли сифаташ муносиб, қонунгузор якчанд шартҳоро муқаррар намудааст.

Аввал, муҳлати баргардонидан аз 14 рӯз зиёд набошад.

Дуюм, мол бояд истифода нагардида бошад.

Сеюм, борҷома, борчасп, нишонаҳои фирмавӣ ва ғайра бояд нигоҳ дошта шуда бошанд.

Дар ёд дошта бошед, ки на ҳама молҳои сифаташон муносиб иваз ва баргардонида мешаванд. Маводҳои доруворӣ, воситаҳои нигоҳдории шахсӣ, либоси таг, молҳои бо метраж фурӯхта мешуда, молҳои кимиёвии маишӣ ва ғайра иваз ва баргардонида намешаванд.

Шумо ба маъмурияти бозор, баъдан ба КВД “Тоҷикматлубот” ва ниҳоятан метавонед ба суд дар асоси талаботҳои Кодекси мадании ҶТ ва Кодекси мурофиаи мадании ҶТ барои ҳалли мушкилатон муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД