1xbet
Лагмони калонтарин дар ҷаҳон
15.06.2025
Oila.tj
113

Дар шаҳри Алмаато мувофиқи дастури анъанавии уйғурӣ «калонтарин лагмон дар таърихи башарият» пухта шуд.

Тавре намояндаи Guinness World Records Бенҷамин Бэкхаус дар маҳалли ҳодиса сабт кард, лагмоне, ки 30 ошпаз омода карданд, 680 килограмм вазн дошт (беш аз 1500 ҳисса). Лагмон ва чошнии он дар якчанд дегҳои калон пухта шуда, дар ниҳоят ба як деги азим рехта ва санҷида шуд.

Ин лагмони рекордӣ «Лагмони дӯстӣ» ном гирифт ва он ба муносибати Рӯзи ваҳдати халқи Қазоқистон, ки 1 май таҷлил мешавад, омода шуд. Идеяи пухтани калонтарин лагмон ба Ҷамъияти ҷуғрофии Қазоқистон тааллуқ дорад, ки мехост ба таври ғайриоддӣ 5-солагии худро ҷашн гирад.

Пас аз расман сабт гардидани рекорд ва супоридани диплом аз ҷониби Guinness World Records Ltd. ба ҳамаи хоҳишмандон лагмон пешниҳод шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД