Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти ҷавони 19-солае хабар додаанд, ки дар куштори як ҷавони 18-солаи рус гумонбар аст. Расонаҳои Русия аз ин ҷавон Имомалӣ Турдиев - зодаи Тоҷикистон ном бурдаанд.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ҷавонони миллатгарои рус дар автобус ба сӯи зане ишораҳои бадахлоқона кардаанд. Ин ҳолат ба Имомалӣ писанд наомада, аз он зан ҳимоя кардааст. Дар натиҷа байни ҷавонон занозанӣ сар зада, кашокашӣ то беруни истгоҳ идома ёфтааст.
Ба навиштаи “Baza”, ҷавони рус аввал ба рӯи Имомалӣ гази ашковар мепошад, сипас аз “ракетниса” тир холӣ мекунад. Дар ҷавоб Имомалӣ яке аз ҷавононро се маротиба корд мезанад ва дар натиҷа ҷавони 18-солаи рус ба ҳалокат мерасад.
Ҳоло Имомалӣ Турдиев дар боздошт қарор дорад.