Arzon march 2024
Куштаи тири дуо (ҚИСМИ 2)
626

Шаҳло ҳиҷоб мепӯшиду «Қуръон» мехонд, вале бадияш ҳисоб надошт, шӯрандозу ғайбатчӣ ва дасташ қалб буд. Оҳиста-оҳиста шавҳари ба доми ҷоду афтодааш қарздору муфлис гашт ва зиндагияшонро ҳевараш, ки акнун рӯзгораш ҷудо буд, мебурд.

Азобҳои зиёде ба сари ин хонаводаи тинҷу осуда омаданд, аҳли деҳа ёд надоштанд, ки аҳли ин хонавода фақирӣ кашида бошанд.

Балокелин, ки акнун ду фарзанди бемору девонаавзоъ дошт, дар хона худро ҳокими мутлақ медонист. Шавҳари Самира ҳамроҳи додараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, то қарзҳояшонро баргардонанд. Азбаски замини наздиҳавлигии Самира кам буд, хушдоман ба ӯ як қитъа аз замини наздиҳавлигияш дода буд, то сабзавот корад. Ҳарчанд ин замини қариб якгектара моли ҳарду бародар буд, вале чашмони тангу бозингари Шаҳлои дуздак ба ҳамин ҳам сих мезад. Як рӯз Самира картошкаҳои шинондаашро меғундошт, ки Шаҳло болои сараш ҳозир шуда, гуфт:

- Хайр, ҳозир картошка шинонида гардед, ҳоли баъди сари кампир (ӯ холаашро дар назар дошт, ки нав ба ҳафтод қадам ниҳодаву ба кампир монанд ҳам набуд) ин ҷоро боғ мекунам.

Самира ба ӯ чизе нагуфт, вале аламаш кард. Зеро хушдоманаш ба онҳо хеле меҳрубон буду ҳатто ҷонашро аз онҳо дареғ намедошт. Чун хоҳаршӯяш ба хонааш омад, суханони авсунашро ба ӯ гуфт. Хоҳаршӯ, ки аз зани бародараш аламҳои зиёд дида буд ва қарздор шудану оворагию сарсониии додарҳои меҳнатию дилсофашро самараи ҷодугарии холаи беимонаш медонист, даст ба сӯи осмон бардошта, дуо кард: “Худованд, сиёҳпичча шавӣ, то дар боғи ормоният зани дигар сайр кунад, дуздаки Худозада!”.

Шаҳло ҳамон вақтҳо дуҷон буд, чун муҳлати ҳамлаш фаро расид, дасту пояшро варами кабуде фаро гирифт ва баъди се рӯзи беморӣ сари фарзанд рафт. Холаи Моҳинав сари тобути ҷиян - келини баднияташу набераяки аз дунё чизе надидааш менолид, ҳама барои умри хазонгаштаи келинчаку кӯдаки ӯ гиря мекарданд. Танҳо Самира дар дил ҳарос ба хоҳаршӯяш менигарист, ки андешаманд ба янгаи беҷонхобидааш менигаристу ҳатто намегирист.

Баъд аз гузаронидани маъракаҳои келин рӯзе Самира ба хоҳаршӯяш гуфт, ки “апа, беҳуда дуо кардед, Худо гирад даҳони бефаровези маро, кошкӣ ҳамон гапҳояшро ба шумо намегуфтам…”.

Хоҳаршӯяш бо нигоҳи пушаймонӣ ба Самира нигариста, гуфт, ки албатта ин кори Худо аст, вале худам низ аз дуои кардаам пушаймонам.

Пас аз гузаштани ду соли фавти Шаҳло, Ниёз - шавҳари ӯ зан гирифт, Манижа духтараки меҳрубону дилсӯз ва хеле зебоипараст аст. Ӯ дар ҳамдастӣ бо хушдоманаш, ки имрӯзҳо ба ҳаштод қадам мениҳад, боғе бунёд карданд, ки дар деҳа назираш нест. Манижа Самираро чун апаи худаш эҳтиром мекунаду як пиёла чойро бе ӯ намехӯрад.

Пас аз марги Шаҳло зиндагии ин оила ранги дигар гирифт. Корҳои мардони хонадон омад карданду модар нафаси осуда кашид. Самира миёни боғи зебою сарсабз ҷавлон задани Манижаро дида, боз ба ёдаш дуои хоҳаршӯяш мерасад, ки аз алами модарашро бад гуфтани келин ба забон оварда буд.

Самира ду духтари шавҳардор, келин ва як духтари қадрас дорад ва доим ба онҳо насиҳат мекунад:

- Бо хулқи хушу ахлоқи накӯ худро аз дуои бад эмин нигаҳ доред, зеро ҳалқи мо ҳикмате дорад – “дуо тир асту одам нишона”.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД